Курси лексияҳо

2. Лексия 2

Муҳоҷирати бузурги халқҳо. ҳуҷуми қабилаҳои германӣ (олмонӣ) ба Аврупои Ғарбӣ. Ташкилёбии королиҳои германӣ дар сарзамини империяи Ғарбии Рим

     Дар асрҳои IV–VII дар байни қабила ва халқҳои атрофи империяи Рим ҷунбишҳое ба амал омаданд, ки онҳо дар таърих бо номи шартии «Муҳоҷирати бузурги халқҳо» маълум аст. Дар ин муҳоҷират хусусан нақш ва таъсири германҳо, славянҳо, сарматҳо, гуннҳо ва баъзе дигар қабилаю халқҳо хеле бузург буд. ҳуҷуми қабилаҳои германҳо, сарматҳо ва баъзе дигар қабилаҳо ба Рим, ки дар асри I дар ноҳияҳои атрофи империяи Рим маскан гирифта буданд, дар охири асри IV барои империя фоҷиаи калон гардид. Ба он аз як тараф, инкишофи муносибатҳои иҷтимоӣ дар дохили қабилаҳои «барбарӣ», парокандашавии сохти авлодӣ, таҳкими ҳокимияти пешвоёни қабилавӣ, бавуҷудоию ташаккул-ёбии ҷамъияти синфӣ, зиёдшавии аҳолию афзудани талабот ба чарогоҳу замин, аз дигар тараф, бадшавии аҳволи дохилии империя сабаб гардид-анд. Дар баробари торафт дигаргуншавии сохти ҷамъиятӣ (ба вуҷуд омадани синф…) дар байни «барбар»–ҳо раванди муттаҳидшавии қабилаҳои германии алеманҳо (ба он қабилаҳои квадҳо, маркоманҳо ва қисман свевҳо дохил мешуданд), дар соҳилҳои дарёи Элба – иттифоқи қабилаҳои германии лангобардҳо, вандалҳо, бургундҳо; дар соҳилҳои дарёи Дунай ва соҳилҳои шимолии Баҳри Сиёҳ – иттиҳоди қабилаҳои германии остготҳо ва вестготҳо ба вуҷуд омаданд. Аз охири асри IV сар карда, ин қабилаҳо ба империяи Рим ҳуҷумҳои доимӣ карда, дар давоми қариб сад сол онро забт карданд. Соли 375 ба муқобили остготҳо қабилаҳои гуннҳое, ки аз Осиё – аз сарҳадҳои Хитой ва МуҒулистон омада буданд, ҳуҷум карда, онҳоро ба худ тобеъ намуданд. Ин ҳамлаи гуннҳо ба Ғарб барои муҳоҷирати бузурги халқҳо такони нав гардид. Пас аз тобеъ кардани остготҳо, гуннҳо якҷоя бо онҳо ба муқобили вестготҳо баромаданд. Аз ин ҳуҷуми гуннҳо тарсида қариб як миллион вестготҳо бо иҷозати императори Рим аз дарёи Дунай гузашта, ба вилояти Мезия, ки дар сарзамини ҳозираи БулҒористон воқеъ гардида буд, омаданд. Лекин дере нагузашта,  аз муносибати ашрофони империя ба танг омада, вестготҳо ба муқобили ҳукумати Рим бархостанд. Соли 378 дар назди шаҳри Адрианопол байни вестготҳо ва лашкари Рим ҷанги сахт ба вуқуъ пайваста, римиён шикаст хӯрданд ва худи император Валент кушта шуд. Императори нав Феодосий (379–395) бо вестготҳо сулҳ баста, барои онҳо дар нимҷазираи Балкан заминҳои нави ҳосилхез ҷудо карда дод. Баъдтар –  солҳои 90-уми асри IV, вестготҳо дар сарзамини собиқ Югославия  соҳиби вилояти Иллирия мешаванд.

     Дар соли 395, пас аз вафоти император Феодосий, империяи Рим ба ду қисм (Ғарбӣ ва шарқӣ) ҷудо гардида, ба қисми шарқӣ – пойтахташ шаҳри Константинопол Аркадий (395-408), ба ҳудудҳои Ғарбӣ – бо пойтахташ Рим Гонорий (395–423)  император  таъин карда мешаванд.

      Дере нагузашта, байни ду император – бародарон зиддият ба амал омада, Аркадий вестготҳоро бар зидди додараш Гонорий ба ҷанг бар-мехезонад. Короли вестготҳо Аларих соли 409 ба сарзамини Италия ҳуҷум карда, 24–уми августи соли 410 Римро забт мекунад. қисми бисёри ашрофони онро ба қатл  расонида, боқимондаашро ба асирӣ мегирад. Пас аз забти Рим, Аларих мехост ба Ситсилия ва Африқо ҳуҷум намояд, лекин ҳангоми омодагӣ ба поход дар соли 410–ум вафот мекунад.

     Вориси Аларих – Атаулф хоҳари император Гонорийро ба занӣ гирифта, соли 418 бо розигии ӯ ба ҷануби Ғарбии Галлия рафта, дар он ҷо ба королии вестготҳо асос мегузорад, ки пойтахти он шаҳри Тулуз (воқеъ дар Франсияи имрӯза) маҳсуб мегардид. Ин аввалин давлати қабилаҳои германӣ дар сарзамини империяи Ғарбии Рим буд. Тобеияти давлати вестготҳо ба ҳукумати Гонорий танҳо хусусияти расмӣ дошта, дар асл бошад он пурра мустақил буд. Дар ин ҷо вестготҳо аз се ду қисми заминҳои аҳолии маҳаллиро мусодира намуда, байни худ тақсим намуданд. Дар охири асри V ва аввали асри VI ин давлати вестготҳо то Испания васеъ гардида, пойтахти он аз Тулуз ба шаҳри испании Толедо кӯчонида мешавад.

     Тақрибан ҳамон солҳое, ки вестготҳо дар Галлия давлати худро ташкил медоданд, дигар қабилаҳои германӣ – свевҳо ва вандалҳо ба ним-ҷазираи Пиреней ҳуҷум карда, свевҳо қисми шимолӣ – Ғарбӣ ва вандалҳо қисми ҷанубии онро ба даст дароварданд. Он қисми Пиреней, ки вандал-ҳо гирифта буданд, ҳоло Андалузия ном дорад, ки аввал Вандалузия номида мешуд. Аз ин ҷо вандалҳо бо сарварии короли худ Гейзерих  ба Африқои шимолӣ гузашта, ҷазираҳои Балеар, Корсика, Сардиния ва Ситсилияро забт намуда, соли 439 королии худро ташкил намуданд, ки пойтахти он шаҳри Карфаген буд. Ин дувумин королии қабилаҳои германӣ дар сарзамини империяи  Ғарбии Рим буд.

     Соли 455 вандалҳо ба Италия гузашта, пойтахти он шаҳри Римро забт намуданд. Баъди Ғорат кардани шаҳр истилогарон ҳамаи ёдгориҳои моддию мадании чандинасраи онро ба замин яксон намуда, ваҳшонияте содир карданд, ки Рим ба майдони харобазор табдил ёфт. Аз ин ҷост, ки баъдҳо ва ҳоло ҳам ин гуна вайронкориҳои ваҳшиёнаро «вандалӣ» – «вандализм» меноманд.

      Тақрибан соли 457 дар ҳавзаи дарёи Рони (дар ҷанубу шарқии Франсияи ҳозира) королии дигари қабилаҳои германӣ – қабилаи бургундҳо бо пойтахташ шаҳри Лион таъсис ёфт, ки он сеюмин давлати германҳо дар империяи Ғарбии Рим буд. Пас аз ташкилёбии королиҳои мазкури вестготҳо, вандалҳо ва бургундҳо аҳволи империяи Рими Ғарбӣ хеле бад мешавад.

Илова ба ин, дар чунин шароит ба муқобили империя ҳуҷуми гуннҳо сар мешавад.





Дар нимаи аввали асри V дар атрофи Аттила – ном короли худ гуннҳо муттаҳид гардида, ба Осиёи Хурд, нимҷазираи Балкан, Байнан-наҳрайн, Арманистон ва Византия якчанд походҳо карданд; онҳо ҳатто чандин қабилаҳои славяниеро, ки дар назди Дунай зиндагӣ мекарданд, ба худ тобеъ намуданд. Соли 451 гуннҳо бо сарварии Аттила (451-453)  ба Галлия ҳуҷум карда, якчанд шаҳрҳои онро Ғорат намуданд. 15–уми июни соли 451 дар наздикии шаҳри Труа (вилояти ояндаи Шампани Франсия) байни гуннҳо бо роҳбарии Аттила ва римиён бо сарварии вазири императори Ғарбии Рим Аэтсий ҷанги сахте ба амал омада, гуннҳо шикаст хӯрданд. Бо вуҷуди он ки дар ин муҳориба римиҳо Ғолиб омаданд, лекин ин барои онҳо охирин Ғалаба буд. Походҳои пешинаи гуннҳо империяро хеле суст карда буданд. Илова ба ин дар худи ҳамон сол короли вестготҳо ва бургундҳо аз империя пурра мустақил шуданд. Дар соли 452 Аттила ба Италия ҳамла карда, аз он ҷо бо тӯҳфа ва андоз-ҳои зиёд баргашт ва соли 453 вафот кард. Пас аз вафоти ӯ давлати бузурги ташкилкардааш ба зудӣ пароканда шуда, худи гуннҳо ба аҳолии маҳаллӣ омехта шуданд. Аз охири асри VII сар карда, сарчашмаҳои хаттӣ дар бораи гуннҳо дигар ягон маълумоте  намедиҳанд.

     Баъд аз муҳорибаи Труа сарлашкар Аэтсий ва император Валентиани III  аз тарафи фитнагарони дарбор кушта мешаванд. Соли 476 яке аз сар-лашкарони қабилаҳои германӣ Одоакр (пешвои қабилаи скирҳо) охирин императори хурдсоли Рим Ромула Августуларо аз тахт сарнагун карда, инвеститура (нишона)–и императории Римро ба императори шарқии Рим фиристод, ки бо ҳамин империяи Рими Ғарбӣ мавҷудияти худро қатъ намуд.

     Соли 493 короли остготҳо Теодорих бо ёрии императори Византия ба муқобили Одоакр ҳуҷум карда, Италияро забт намуд ва дар ин ҷо зиёда аз 30–сол (493–526)  ҳукмронӣ кард. Баъди дар Рим ҳукуматро ба даст гирифтан, Теодорих нисбат ба императори Византия нописандона рафтор карда, худро «бузургтарин» короли «барбарҳо» ҳисобид. Пас аз вафоти Теодорих дар дарбор байни ду гурӯҳ (гурӯҳи тарафдорони Византия ва зидди он) мубориза сар мешавад. Императори Византия Юстиниани I аз ин вазъият  истифода бурда, хост тамоми Италияро ба давлати худ ҳамроҳ намояд. Короли нави остготҳо Татила бо Византия зиёда аз 20 сол мубориза бурда, соли 552 маҒлуб шуд ва соли 555 Италия аз тарафи византиягиҳо пурра забт гардид. Баъд аз гирифтани Италия Юстиниан қариб ҳамаи остготҳоро қир карда, бо фармони худ тартиб-оти пештараи Ғуломдориро аз нав барқарор менамуд. Лекин ҳукмронии Византия дар Италия дер давом накард. Соли 568 ба Италия қабилаҳои германии лангобардҳо ҳуҷум карда, қисмҳои шимолӣ ва миёнаи онро ишҒол карданд. Баъди ишҒоли Италия лангобардҳо молу мулки Ғулом-дорони Римро мусодира карда, қисми зиёди онҳоро асир гирифта, ба дигар давлатҳо фурӯхтанд.

      ҳанӯз дар аввали асри V, баъди аз Британия ба Италия, даъват шудани легионҳо (отрядҳои ҳарби)–и римӣ, келтҳои Британия ҳам ба муқобили ашрофони римӣ шӯриш бардошта, худро мустақил эълон карданд. Лекин аз миёнаи асри V сар карда, ба Британия қабилаҳои Германияи Шимолӣ – англҳо, саксҳо ва ютҳо дохил мешаванд ва дар давоми чанд садсола якчанд королии худро ташкил менамоянд.

    ҳамин тавр, дар давоми асрҳои V–VI империяи Ғарбии Рим тамоман пош хӯрда, харитаи Аврупои Ғарбиро ба куллӣ дигар сохт. Ба ҷойи як давлати бузург якчанд давлатҳои хурди «барбарҳо» таъсис ёфтанд. «Барбарҳо» ҳангоми ҳаракати худ қувваи хешро бо нерӯи истисмор-шавандагони Рим – қувваи Ғуломон ва колонҳо – муттаҳид карда, ба сохти Ғуломдорӣ зарбаи сахт расониданд ва боиси пайдошавии сохти нави ҷамъиятӣ – сохти феодалӣ гардиданд.