Масъалаи барқарор намудани шунавоӣ

Барқароркунӣ, ҷубронкунӣ, баробаркунӣ аз истилоҳи компенсатсия бармеояд. Компенсатсия - аз истилоҳи лотинии «compensation» гирифта шуда, барқарор нуксони шунавоидоштадан ё худ ҷуброн нуксони шунавоидоштадани функсияҳои психика, тавон бахшидан ба функсияҳои психикии инкишофнаёфта ё вайроншуда ба воситаи истифодаи функсияҳои боқимонда ва ё қисман азнавсозии функсияҳои вайроншударо дар назар дорад. (Луғати психологӣ- М.,1990). Компенсатсия ба маънои ивазкунӣ ва ё худ дигаргунсозии нуқсон, функсияҳои организми ба дараҷаи зарури инкишофнаёфта, роҳҳои хоси мутобиқшавии он ба тағйиротҳои негативии шароити ҳаёт ва кӯшиши иваз намудани ҷои зарардида, ки аз кор баромадааст ва ё каммаҳсул будани қисми нигоҳ дошташуда ва механизмҳои барқароркунанда ҳам ба кор бурда мешавад. Чӣ хеле, ки маълум аст, дар сурати осеб дидани яке аз анализаторҳои инсон  дигар анализатор корашро дучанд менамояд. Чунончӣ, барқароркунии нуқсон ё функсияи анализаторҳои шунавоии сарфшуда бештар ба воситаи инкишофи биноӣ, бӯйфаҳмӣ, маззафаҳмӣ, яъне ба воситаи системаи сенсории пӯст ва анализатори кинестекӣ имконпазир аст. Мисол: одамоне, ки нуқсонҳои шунавоӣ доранд, соҳиби анализаторҳои биноии хеле хуб инкишофёфта мебошанд.

Дар психологияи махсус ду намуди барқароркунӣ мавҷуд аст:якум- барқарокунии дохилисистемавӣ, яъне қисми асабҳои боқимондаи осебдида истифода мешаванд, мисол дар ҳолати гум нуксони шунавоидоштадани шунавоӣ идроки шунавоии боқимонда истифода бурда мешавад. Дуюм- барқароркунии байнисистемавӣ, ки бо роҳи азнавсозии системаҳои функсионалӣ ва ба кор бурдани қисмҳои нави захиравӣ. Барқароркунии функсияи анализатори шунавоии навзоде, ки ношунаво таваллуд шудааст аз ҳисоби инкишофи идроки биноӣ, кинестетикӣ, ҳиссиёти тактилӣ-вибратсионӣ ба роҳ монда мешавад. Дар вайроншавии шунавоӣ ҳар ду намуди барқароркунии функсияҳоро дидан мумкин аст.

Ҷараёни барқароркунӣ, ба захираи имкониятҳои зиёди фаъолияти асаби олии инсон такя мекунад, ки ин равия барои ҳайвон ҳам хос аст. Дар ҳолати гум нуксони шунавоидоштадани яке аз функсияҳое, ки ба ҳодисаҳои биологии мутобиқшавии организм вобаста аст, баробарвазнии ӯро ба муҳити атроф муқаррар мекунад. Барқарор намудани функсияҳои осебдида сифатан хоси инсон буда ҷараёни инкишофи ҳамаи тарафҳои шахсиятро муайян менамояд, ки асоси онҳоро ягонагии ҳодисаҳои биологӣ ва иҷтимоӣ ташкил менамояд

Дар кӯдаконе, ки вайроншавии шунавоӣ доранд, дар рафти барқароркунӣ, ташаккули системаи нави динамикӣ алоқаҳои шартӣ ба вуҷуд меояд-барқарор нуксони шунавоидоштадани функсияи нуқсон ва ё умуман суст намудани инкишофи шахсият. Ҷиҳати хоси инкишофи кӯдакони нуқсондошта аз он иборат аст, ки он дар заминаи фаъол гардидани қувваҳои ҳифзкунандаи организм ва сафарбар намудани захираҳои мавҷуда, ки ба ҷараёни нуқсон муқобилият нишон медиҳанд, ба вуҷуд меояд.

Вобаста ба ин Виготский Л.С. дар мавриди қонунияти табдили нуқсони манфӣ ба нуқсони мусбии барқароркунӣ  гуфта буд: «Ҷиҳатҳои хуби кӯдакони нуқсонҳои хосдошта, пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки дар онҳо ин ва ё он вазифа аз байн меравад, ки мо он вазифаҳоро дар кӯдакони бенуқсон мушоҳида мекунем. Вале аз байн рафтани вазифа дар ҳаёт боиси ба вуҷуд омадани чизи нав мегардад, ки он боиси дар кӯдакон пайдо шудани одати ба нуқсон эътибор додан ва барқарор намудани он дар ҷараёни инкишоф мегардад».

Дар баробари ҳамин инкишофи муътадили вазифаи узвҳои нигоҳдошташуда, ки сохти осебдидаро иваз менамояд, ба ақидаи Виготский Л.С. на ба ҷиҳатҳои хоси сохти худ дар кӯдакони нуқсондор, балки ба фаъолона амал нуксони шунавоидоштадани худ, ки ба он талаботи ҳаёт сабаб мешавад, фарқ мекунад. Дар инкишофи кӯдакони вайроншавии шунавоидошта мақоми барандагиро на нуқсонҳои аввалин, балки дуюмину сеюмин, таъсиротҳои иҷтимоию-маданӣ ва иҷтимоию-психологӣ мебозад.

Ҷараёни барқароркунӣ (ҷалб намудани кӯдак ба муносибатҳои гуногуни иҷтимоӣ, муоширати фаъолона, фаъолияти иҷтимоии фоиданок дар асоси ба ҳисоб гирифтани имкониятҳои барқароркунанда) имконияти пурра ислоҳ намудани нуқсонро надорад, лекин ӯ барои бартараф намудани душвориҳое, ки дар натиҷаи нуқсон ба вуҷуд омадаанд, мадад расонда метавонад. Ҳар қадар таъсири махсуси психологӣ-педагогӣ ва таҷрибаи кори иҷтимоӣ барвақттар оғоз гардад, ҳамон қадар ҷараёни барқароркунӣ бомуваффақият мегузарад. Корҳои маданӣ-иҷтимоӣ ва психологӣ-педагогии аз байн бурдани нуқсон (реабелетация) дар зинаҳои аввали инкишоф, ба вуҷуд омадани зуҳуроти дуюмину сеюмини сироятӣ, вайроншавии узвҳоро пешгирӣ менамояд ва барои инкишофи дурусти кӯдак мадад мерасонад. Дар баъзе гурӯҳҳои кӯдакони мушкилоти ниҳоят маҳдуди барқароркунидошта,  таъсири аз меъёр берун баромадани нуқсонҳои чашмрас дар онтогенез (яъне дар инкишофи организми ҳар як мавҷудоти зинда) ба вуҷуд меояд. Ба ин нигоҳ нануксони шунавоидоштада, солимии психоҷисмонии онҳо ҳангоми ба амал баровардани механизмҳои интегратсионӣ-ҳамгироӣ беҳтар мешавад.

Баъзан бо сабаби он, ки кӯдакони вайроншавии шунавоидошта нисбати таъсиротҳои берунӣ ва дигар ҳолатҳо ниҳоят ҳассосанд (ба монанди ҷараёнҳои бемориовар, сербории психикӣ-аффектӣ), омилҳои ногувор:зарба ё зарар дидани механизмҳои барқароркунӣ метавонанд хароб гарданд. Дар баробари ҳамин дараҷаи фаъолиятнокӣ якбора ниҳоят паст мешавад ва инкишофи психоҷисмонӣ суст мегардад. Ин ҳолатро «декомпенсатсия» меноманд. Декомпенсатсия аз лотинии «de»-пешоянд- нокифоя, норасо будан, яъне барқарорнашаванда гирифта шудааст.

Ин ҳолатҳои нуқсонҳои функсионалӣ боиси суст гардидан ва ё ноустувор гардидани ҷараёни нуқсонҳои психикӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки кӯдакони вайроншавии шунавоидошта ба ташкили реҷаи муҳофизатӣ ва маҳдуд намудани барномаи таълимӣ эҳтиёҷ доранд. Рафти бомуваффақияти ҷараёнҳои барқароркунанда дар кӯдакони вайроншавии шунавоидошта аз баъзе шароитҳо вобастагӣ дорад.

Аз ҷумла:

  1. Тарзи дурусти ташкили ҷараёни таълим дар муассисаҳои махсуси ислоҳӣ-таълимӣ, яъне тафриқа, инчунин ташкили раванди кори таълиму тарбия ва истифодаи усулу методҳои махсуси ислоҳӣ бо оқилона ба роҳ мондани онҳоро дар назар дорад;
  2. Истифода бурдани асосҳои ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои фардӣ ва хоси кӯдакони вайроншавии шунавоидошта, рафтори фардӣ-тафриқавии алоқаманд намудани назария бо амалия (таълим бо меҳнат);
  3. Ташаккул додан ва дастгирӣ намудани муносибатҳои дурусти байниҳамдигарӣ дар коллективи тарбиятгирандагон, инчунин миёни муаллимону тарбиятгирандагон;
  4. Дуруст ташкил намудани реҷаи кори таълимӣ ва истироҳати тарбиятгирандагон, ки имконияти аз меъёр зиёд гаштани машғулиятҳои таълимиро пешгирӣ менамояд;
  5. Истифода бурдани намудҳои зиёди воситаҳои айёнӣ ва техникӣ бо мақсади муътадил гардонидани имконият ва қобилияти кӯдакон.

Қайд намудан лозим аст, ки аз тарафи кӯдаки вайроншавии шунавоидошта аз худ нуксони шунавоидоштадани нутқи калимагӣ яке аз масъалаҳои муҳими илми  сурдопедагогика ба ҳисоб меравад. Ҳаёти кӯдаки нуқсони шунавоидоштаро чунон ташкил намудан лозим аст, ки нутқ барои ӯ зарур ва шавқовар бошад. Дар ин маврид Л.С.Виготский навиштааст: «Талаботро ба нутқи умумиинсонӣ ташкил намудан зарур аст - он вақт нутқ пайдо мешавад».

Последнее изменение: Четверг, 10 января 2002, 09:44