Методҳои сурдопсихологияи томактабӣ

Метод (аз юнони methodos) гирифта шуда маънояш таҳқиқ намудан, яъне усул, тарз ё амал аст.

Методҳои илмӣ-тадқиқотиро дар сурдопсихологияи томактабӣ бештар дар ҳалли масъалаҳои бавуҷудомада истифода мебаранд. Методҳо барои инкишофи ҳаматарафаи илми психология мусоидат мекунанд ва хусусиятҳои психологияи кудакони ношунаворо вобаста бо тағйиротҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавию ахлоқии ҷамъият меомӯзад. Хусусиятҳои психологии кӯдак ба шароитҳои оилавӣ, муҳити иҷтимоӣ, муносибати байниҳамдигарӣ, ба тарзу усули таълиму тарбияи падару модар ва тарбиядиҳандагон вобаста аст.

Ба воситаи методҳои илмӣ- тадқиқотӣ тағйиротҳои сифатию миқдорӣ ва инкишофи фаъолияти маърифатӣ, ҳолатҳои эмотсионалӣ-иродавӣ, хусусиятҳои фардӣ- психологии кӯдакони вайроншавии шунавоидошта дар давраҳои гуногуни синнусоли томактабӣ омӯхта мешавад, вобаста ба он падару модарон ва мураббия усулҳои таълиму тарбияро дуруст интихоб менамоянд.

Дар омӯзиши хусусиятҳои психикаи кӯдакон ва калонсолони дорои вайроншавии шунавоӣ асосан методҳои илми психология истифода мешаванд, яъне методҳои асосӣ ва ёрирасон, ки аз хусусиятҳои муайян иборатанд.

Ба методҳои асосӣ методи мушоҳидаву озмоиш ва ба методи ёрирасон методҳои омӯзиши маҳсули фаъолият, тест, анкета ва ғ. дохил мешаванд.

Мушоҳида

Хусусиятҳои асосии методи мушоҳида аз мақсаднокӣ, ифодаи бевоситаи тасаввуротҳои назариявӣ ва мураттабӣ иборат аст, аз ин рӯ дар илми психология дар ҳама гуна ҳолатҳо аз методи мазкур васеъ истифода мебаранд. Методи мушоҳида дар навбати худ  ба мушоҳидаи яклухт ва интихобӣ ҷудо мегардад.

Дар рафти мушоҳидаи яклухт тадқиқотчӣ ва ё мураббӣ дар як вақт якчанд хусусиятҳои психологии кӯдакро мушоҳида мебарад ва дар фаъолияти ҳаррӯза дар шароити табиии фаъолиятҳои гуногун (бозӣ, таълим, меҳнат) назорат бурда, хусусиятҳои фардӣ - психологии кӯдакро муайян созад.

Дар рафти мушоҳидаи интихобӣ ягон ҷиҳат, рафтор ва хусусиятҳои психологии кӯдак дар фаъолиятҳои гуногун омӯхта мешавад. Барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ, тадкиқотчӣ ба талаботҳои муайян бояд риоя намояд ва ба талаботҳои пайдарҳамӣ такя намояд.

Дар сурдопсихология ҳангоми омӯзиши кӯдакони вайроншавии шунавоидошта бо сабаби маҳдуд будани муошират байни кӯдак ва тадқиқотчӣ ин метод моҳияти бештареро пайдо менамояд ва истифодаи дигар метод натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад. Ҷузъиётҳои берунаи фаъолият-ҳаракатҳо, ҷойивазкуниҳо; нутқроние, ки хусусиятҳои сохтори лексикӣ, имловӣ, фонетикӣ (ҳангоми омӯзиши кӯдакони вайроншавии шунавоидошта ин хусусиятҳо ҳатман ба назар гирифта мешаванд); мимика ва пантомимикаи ба худ хос; зоҳиршавии аксуламалҳои вегитативии беруна (масалан, арақ нуксони шунавоидоштадани бадан дар вазъиятҳои гуногун) ҳамчун предмети мушоҳида баромад мекунанд. Инчунин, ба ҳисоб гирифта мешавад, ки мушоҳидаи тадқиқотчӣ метавонад рафтори кӯдакро тағйир диҳад ва дар ин ҳолат мушоҳидачӣ аз дастгоҳҳои сабткунанда (камера, суратгирак, телефон ва ғ.), истифода мебарад; ҳангоми омӯзиш кӯдаки хурдсол нисбати худ одат пайдо мекунонад; ба наврасону калонсолон мақсади омаданашро фаҳмонда медиҳад ва ғайра.

Барои ба даст овардани далелҳои дилхоҳ, тадқиқотчӣ дар ҳамаи намудҳои фаъолият: бозӣ, таълим, иҷрои вазифаи хонагӣ ва ғайра, ки вазъиятҳо такрор мешаванду тағйир меёбанд, мушоҳидаи дарозмуддат ва пайдарҳам мегузаронад. Бо ин роҳ тадқиқотчӣ имконият пайдо мекунад, ки ифода ёфтани хусусиятҳои мушоҳидашавандаро бо вазъиятҳои умумии инкишофи психикии кӯдак муқоиса намояд.

Методи мушоҳидаро бештар дар омӯзиши муоширати модари бенуқсон бо фарзанди вайроншавии шунавоидошта истифода мебаранд, ки натиҷаи дилхоҳ додани он аз тарафи психологҳои амрикоӣ Д.Плапингер ва Р.Кретчмер исбот гардидааст. Дар муддати 30 моҳ, дар вақту соати гуногун (тақрибан 80 соат дар як ҳафта) онҳо дастгоҳи сабткунандаро (видеорегистратор) дар ҳама гуна вазъиятҳои якҷоя амал нуксони шунавоидоштадани модару фарзанд истифода бурданд. Тадқиқотчиён бештар ба чунин нишондиҳандаҳо диққат медоданд: муоширати байни модару фарзанд чӣ тавр ба вуҷуд меояд (касе муоширатро оғоз менамояд ва ё он худ ба худ шуруъ мешавад); теъдоди калимаю ифодаҳо ва хусусиятҳои нутқронӣ; шакли ҷумлаҳо (саволӣ, хитобӣ ва ғ.). Онҳо муайян нуксони шунавоидоштадаанд, ки дар баъзе ҳолатҳо бо хоҳиши модар (хондани китоб, бозӣ бо алифбои буридашуда) кӯдак ба муошират ҳамроҳ мешавад, дар баъзе ҳолатҳо (хӯрокхӯрӣ, оббозӣ) муошират худбахуд оғоз меёбад. Дар вақти бозӣ бо лӯхтак бошад кӯдак худаш муоширатро оғоз менамояд. Муошират дар ҳама гуна ҳолат аз ҷиҳати сифат ва миқдор аз ҳамдигар фарқ мекунад.

Озмоиш

Озмоиш низ методи муҳими тадқиқотӣ мебошад, ки бо иштироки фаъоли тадқиқотчӣ гузаронида мешавад. Вазифаи тадқиқотчӣ аз он иборат аст, ки тағйротҳои рафтори инсонро мураттаб созад ва қайд намояд. Тадқиқоти озмоишӣ якчанд давраро дар бар мегирад: гузоштани мақсади муайян намудани фарзия, банақшагирӣ, гузаронидани озмоиш, таҳлили далелҳо ва натиҷаи бадастовардашуда, санҷиши омории фарзия ва тасвияти хулосаҳо.

Барои муайян намудани ин ё он хусусиятҳои психологии кӯдак дар гузаронидани методи озмоиш ташкили шароити мусоид лозим аст. Методи озмоиш дар шароити табиӣ ва дар рафти фаъолиятҳои бозӣ, меҳнат, таълим, ифодашавии эмотсия, муносибати кӯдак ба ашё, ҳодисаҳо, ба ҳамсолон ва калонсолонро муайян менамояд. Ин метод методи мушоҳидаро пурра менамояд ва тадқиқотчӣ вазифаи мушоҳидакорро иҷро менамояд. Методи озмоиш низ дар навбати худ ба намудҳои зерин чудо мешавад:

  • табиӣ;
  • лабараторӣ;
  • икишофдиҳанда.

Озмоиши табиӣ аз тарафи олими рус Ф.Лазурский кор нуксони шунавоидоштада баромада шудааст ва ин метод дар вазъияти табиӣ- фаъолияти ҳамарӯза, машғулиятҳои гуногун, сайругашт истифода бурда мешавад ва ба воситаи методи мазкур шавқу ҳавас, қобилияту тағйирёбии ҳҳолати эмотсионалии кӯдакони гурӯҳ муайян нуксони шунавоидоштада мешавад. Дар озмоиш фаъолият, муносибат, сифатҳои характер, ҳолатҳои эмотсионалии кӯдак ифода меёбад, ки онро тадқиқотчӣ мушоҳида менамояд. Масалан: дар вақти бозӣ як нафар кӯдак афтид-муносибати кӯдаки озмудашаванда нисбати кӯдаки афтида:

а.      ба ӯ ғамхорӣ зоҳир нуксони шунавоидоштада, кӯмак мерасонад;

б.      аз афтидани ӯ хурсанд шуда механдад;

в.      ғамгин мешавад, аммо кӯмак намерасонад.

Озмоиши лабораторӣ аз тарафи Вилгелм Вундт кор нуксони шунавоидоштада баромад шуда буд, озмоиши мазкур дар ҷои махсус ташкилу гузаронида мешавад ва мақсади озмоиш ба кӯдаки озмудашаванда фаҳмонида дода мешавад. Дар ҷараёни озмоиш тадқиқотчӣ метавонад аз асбобҳои техникӣ истифода барад (суратгирак, магнитафон, камера ва дигар асбобҳои махсуси тиббӣ барои узвҳои биноӣ, шунавоӣ, кори дил ва ғайра).

Озмоиши инкишофдиҳанда бо мақсади аз ягон ҷҷиҳат инкишоф додани фаъолияти психикии кӯдак гузаронида мешавад, мисол инкишофи хотири кӯдак.

Бояд қайд намуд, ки ҳангоми гузаронидани озмоиши психологии кӯдакони вайроншавии шунавоидошта якчанд лаҳзаҳои муҳимро ба назар гирифт:фаҳмонидани комилан мувофиқ будани нишондод-кӯдаки озмудашаванда нишондоди нутқии пешниҳодшударо умуман намефаҳмад ё нодуруст мефаҳмад. Дар ин ҳолат аксар вақт аз нутқи ишоравӣ истифода мебаранд ва чунин усули тарҷимаро бештар сурдопсихологҳои амрикоӣ васеъ истифода мекунанд.Дар фаҳмонидани нишондодҳо аз намоиши аёниятҳо истифода мебаранд (бояд ба назар гирифт, ки ҳангоми намоиши айёниятҳо луқмапартоӣ мавҷуд набошад).

Мувофиқи тавсияи Т.В.Розанова ҳангоми гузаронидани озмоиш бо кӯдакони ношунаво истифодаи машқҳои осонтар ва аз ҷиҳати мазмун ба машқҳои асосӣ наздик буда беҳтар аст. Баъд аз иҷрои машқҳои пешакӣ ба кӯдак машқҳои асосӣ пешниҳод мегардад.

 Дар вақти гузаронидани озмоиш, тадқиқотчӣ ба вазъияти муоширати озмудашавандагон дохил мешавад ва метавонад бевосита ба рафтори онҳо таъсир расонад. Дар ҷараёни кор бо кӯдакони ношунаво ин гуна имкониятро бояд ба назар гирифт, зеро ношунавоён нисбат ба шунавоён зуд ба таҳлука меафтанд ва диққаташон ҳамеша ба калонсолон нигаронида шудааст.

Ба интихоби гурӯҳҳои озмудашаванда низ диққат додан зарур аст, яъне шароити таълим ва тарбияи кӯдак (фаро гирифта шудани кӯдак ба таълимгоҳҳои махсус, барномаи таълимӣ ва ғ.), вақт ва дараҷаи вайроншавии шунавоӣ, сабабҳои гум нуксони шунавоидоштадани шунавоӣ, маълумот дар бораи шунавоии боқимонда, дараҷаи инкишофи нутқи калимагӣ, намудҳои нутқе, ки аз он истифода мебарад (ишоравӣ, калимагӣ, даҳонӣ, хаттӣ, дактилӣ); давомот, намуди оила (дар назар дошта шудааст, ки волидайн вайроншавии шунавоӣ доранд ё не) ба назар гирифта мешавад. Ҳангоми муқоисаи хусусиятҳои инкишофи психикии кӯдакони ношунаво ва шунаво гурӯҳҳоро аз рӯи талаботи мувофиқатии синнусолӣ интихоб менамоянд, яъне синнусоли кӯдакони ношунаво ва шунавои озмудашаванда бояд якхела бошад, зеро ин имконияти муқоисаи вазъи инкишофи психикии онҳоро медиҳад.

Солҳои охир истифодаи методи озмоиши инкишофдиҳандаи психологӣ миёни мутахассисон аҳамияти зиёд пайдо нуксони шунавоидоштада истодааст. Ба воситаи ин намуди озмоиш натанҳо вазъи донишомӯзӣ, малака ва маҳорат, балки хусусиятҳои ташаккули кӯдак низ муайян нуксони шунавоидоштада мешавад. Методикаи гузаронидани озмоиши инкишофдиҳанда ба назарияи Л.С.Виготский такя менамояд, ки дар он нақши пешбаранда доштани раванди таълим дар инкишофи психикаи кӯдак, мафҳуми «дараҷаи актуалии инкишофи ақлӣ» ва «минтақаи наздиктарини инкишоф», ки кӯдак дар ҳамкорӣ бо калонсол ба азхудкунии воситаҳои нави амалиёт қобилият пайдо менамояд ва ба зинаи баланди инкишофи ақлӣ мерасад, муайян нуксони шунавоидоштада шудааст. Фарқияти байни иҷрои амалҳои якҷояи кӯдаку калонсол ва амалҳои мустақилонаи кӯдакро Л.С.Виготский «минтақаи наздиктарини инкишофи психика» номидааст. Дар аввал калонсол ба кӯдак меомӯзад, яъне ин амал якчоя сурат мегирад, минбаъд кӯдак амалҳоро худаш мустақилона иҷро мекунад. Дар ин маврид дар инкишофи кӯдак ҷаҳиши психологӣ ба амал меояд, мисол, кӯдак бо ёрии калонсол нутқро меомӯзад.

Хусусиятҳои пешбарандаи таълим дар инкишофи психика дар он ифода меёбад, ки амалҳои наве, ки бо ёрии калонсол иҷро мешаванд, минъбад мустақилона аз тарафи худи кӯдак иҷро мегарданд. Аз меъёр зиёд мавҷуд будани сатҳи «минтақаи наздиктарини инкишоф» муваффақияти таълимро ифода менамояд, яъне ҳамчун нишондиҳандаи дурнамои инкишофи психика дар зери таъсири таълим баромад мекунад. Ба ғайр аз ин, минтақаи наздиктарини инкишоф барои муайян намудани нуқсонҳои ба ҳам пайваст-вайроншавии шунавоӣ ва боздории инкишофи психикӣ, вайроншавии шунавоӣ ва ақланақибмондагӣ мусоидат мекунад.

Озмоиши ташхиси таълимӣ аз тарафи А.Я.Иванова кор нуксони шунавоидоштада баромада шуда, дар психологияи махсус васеъ истифода мегардад. Т.В.Розанова ҳангоми муоинаи кӯдакони вайроншавии шунавоидошта ва Л.И.Тигранова ҳангоми таҳқиқи кӯдакони сустшунаво ин методро истифода бурдаанд. Методи мазкур дар муоинаи кӯдакони вайроншавии шунавоидошта нисбати кӯдакони ношунаво ва дар таҳқиқи кӯдакони сустшунаво истифода шудааст.Талаботи асосии методии ин озмоиш аз он иборат аст, ки кӯдак бо дастгирии калонсол супоришро зина ба зина иҷро менамояд. Кӯмаки калонсолон аз дараҷаи маълумотдиҳӣ, яъне гузаштан аз нишондодҳои умумӣ ба нишондодҳои аниқ ва давомнокии ёрӣ иборат мебошад, инчунин ба сифати кӯмак машқҳои ёрирасонро истифода мебаранд. Ёрие, ки ба кӯдак барои ба муваффақият ноил гардидан расонида мешавад, ҳамчун нишондиҳандаи баҳодиҳӣ ва муайянкунандаи сатҳи «минтақаи наздиктарини инкишоф» баромад мекунад. Пас аз он, ки кӯдак супоришҳои асосиро иҷро мекунад, ба ӯ супориши дигаре пешниҳод мегардад, ки тарзи иҷроиши он ба ҳам монанд аст, вале дар ин маврид ёрӣ расонида намешавад, зеро тарзи иҷроиши он муайян аст.

Барои ҳаматарафа омӯхтану муоина намудани кӯдак дар рафти мушоҳида ва озмоиш аз методҳои ёрирасон истифода мебаранд:омӯзиши маҳсули фаъолият, сотсиометрия ва тест.

Методи омӯзиши маҳсули фаъолият дар психология васеъ истифода бурда мешавад-бо ёрии он шавқу ҳавас, маҳорат, қобилият ва хусусиятҳои психологии кӯдак омӯхта мешавад.

Дар омӯзиши хусусиятҳои инкишофи психикаи кӯдакони вайроншавии шунавоидошта аз ҷиҳати истифодабарӣ ва аз ҷиҳати аҳамият ин метод дар ҷои аввал меистад. Тамоми мавод ва маҳсули дасти кӯдак: расмкашӣ, суробсозӣ, гулмонӣ, тартибдиҳӣ, сохтмонӣ, бозичаи сохташуда дар ҷараёни таълими меҳнат, корҳои хаттӣ, иншо дар дафтар ва ғайра омӯхта мешаванд. Аз рӯи он эҷодкорӣ ва қобилияти кӯдак омӯхтаву муқоиса нуксони шунавоидоштада мешавад, яъне аз рӯи натиҷаи ин метод кори минъбадаро муайян нуксони шунавоидоштадан мумкин аст. Таҳлили маҳсули фаъолият имконият медиҳад душвориҳо ва хатогиҳои иҷроиш, роҳу усулҳои бартараф нуксони шунавоидоштадани душвориҳоро муайян намоянд. Барои ин донистани шароит ва ҷараёни фаъолият зарур аст. Инчунин тарзи иҷроиш-мустақилона ва ё аз рӯи нишондоди калонсолон иҷро гардидани супориш ба назар гирифта мешавад.

Дар давраҳои гуногуни инкишофи психикаи кӯдак аҳамияти таҳлили маҳсули гуногуни фаъолиятҳо муайян нуксони шунавоидоштада шудааст:

-дар давраи томактабӣ ва хурди мактабӣ: расмкашӣ ва гулмонӣ;

-дар синфҳои миёна:корҳои хаттӣ, иншо, ки таҳлили хусусиятҳои истифодабарии калимаҳо, аз худ нуксони шунавоидоштадани грамматикаи сохтори нутқро муайян менамояд;

-дар давраи навҷавонӣ ва ношунавоёни калонсол:маҳсули фаъолияти меҳнатӣ.

Аз рӯи маҳсули фаъолияти хурдсолон муайян нуксони шунавоидоштада шудааст, ки инкишофи фаъолияти тасвирӣ дар кӯдакони ношунаво мисли кӯдакони шунаво дар як зинаи муайян қарор дорад, лекин душвориҳо дар маҳсули ношунавоён бештар намоён аст (М.Ю.Рау). Дар ин синну сол кӯдакон кӯшиш менмоянд, ки ашёҳои тасвирнуксони шунавоидоштадаашон ба ҳақиқат наздик бошанд. Масалан, бадани одамро доирашакл бо қисмҳои алоҳида тасвир намуда, қисмҳоро мутаносибан баробар ҷойгир менамоянд. Дар амалҳои кӯдакони ношунаво дар тасвири шакли одам хатогиҳо қариб ба чашм намерасанд, аммо дар тасвири қисмҳои бадан, мисол даст тарзи ҷойгиркунӣ ва мутаносибӣ камбудиҳо ба назар мерасанд.

Методи тест, ки аз тарафи Алфред Бинэ пешниҳод гардидааст дар сурдопсихология васеъ истифода мешавад. Пурсиш ё худ саволномаҳо барои муайян нуксони шунавоидоштадани дараҷаи қобилияти ақлӣ-зеҳнии одамони вайроншавии шунавоидоштаи синнусоли гуногун пешниҳод мешаванд. Барои муайян нуксони шунавоидоштадани чунин қобилиятҳо саволномаҳо, супоришҳо ва машқҳо тартиб дода мешаванд. Умуман, дар муассисаҳои таълимӣ ба воситаи пурсиш (тест) аз худ нуксони шунавоидоштадани барномахои таълимии таълимгирандагон ва интихоби роҳҳои самарабахши ташкили фаъолияти таълимӣ муайян нуксони шунавоидоштада мешавад.

Барои тестгузаронии кӯдакони ношунаво махсус саволномаҳои ғайришифоҳӣ тартиб дода мешаванд, ки онро ченаки амалиёт бо ашё низ меноманд, ки аз ҳама маъмултараш ченаки амалиёти Артур ном гирифтааст. Тестҳои ғайришифоҳӣ аксар вақт муоширати даҳонӣ-калимагиро байни тадқиқотчӣ ва озмудашаванда талаб намекунад, зеро дастур дар шакли нишон додан ва истифодаи имою ишораи бе нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ пешниҳод мегардад. Дар Амрико тести Хискей-Небраснуксони шунавоидоштао васеъ истифода мебаранд, ки он ба баҳо додани қобилияти азхудкунии таълимии кӯдакони аз се то шашсолаи вайроншавии шунавоӣ дошта равона гардидааст. Ин пурсишҳо ба монанди дигар пурсишҳо барои кӯдакони шунаво таҳия гардидаанд ва онҳоро барои муайян нуксони шунавоидоштадани қобилияти азхудкунии ношунавоён истифода мебаранд. Пурсишҳои мазкур аз машқҳои зерин иборат аст: тартиб додани нақшу нигор аз мӯҳра, ба анҷом расонидани тасвир, тартиб додани моделҳо аз қисмҳои алоҳида, муқоиса нуксони шунавоидоштадани расмҳои ба ҳам монанд, таҳқиқ намудани андозаи диққати биноӣ ва ғайра. Хусусияти ин метод аз он иборат аст, ки ба кӯдакони ношунаво пеш аз гузаронидани тест, барои истифодабарии нутқи ишоратӣ талаботҳои муайян дастур дода мешавад.

 Аз рӯи ақидаи сурдопсихологи фаронсавӣ П. Олерон, бо ёрии пурсиш баҳогузории баланди дараҷаи инкишофи зеҳнии одамони вайроншавии шунавоидошта ба даст оварда мешавад. Аксар вақт, ҳангоми гузаронидани тест барои ба хотир гирифтани шаклҳои ашёҳо натиҷаи ба даст овардашуда нишон медиҳад, ки инкишофи кӯдакони ношунаво ба инкишофи кӯдакони шунаво баробар аст, аммо дар бахотиргирии рақамҳо кӯдакони ношунаво ба натиҷаҳои пасттар ноил мегарданд. Чунин натиҷаи кор нишон медиҳад, ки ҷараёни инкишофи зеҳнии кӯдакони шунаво ва ношунаво аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз ин рӯ, ҳангоми интихоби саволномаҳо барои кӯдакони вайроншавии шунавоидошта бояд ба ин тарафи масъала низ  диққатӣ ҷиддӣ диҳем.

Истифодаи пурсишҳои рангини Ҷ.Равен (тест) дар таҳқиқи кӯдакони вайроншавии шунавоидошта натиҷаҳои хуб дода тавонист. Дар асоси он на танҳо пурсиши анъанавӣ, балки озмоиши инкишофдиҳандаи таълимии психологиро ташкил нуксони шунавоидоштадан мумкин аст, ки он дар тадқиқотҳои Т.В.Розанова (1978) оварда шудааст.

Имкониятҳои истифодабарии методҳои сӯҳбат ва пурсишномаҳо, ҳангоми омӯзиши хусусиятҳои психикии кӯдакони вайрношавии шунавоидошта хеле маҳдуд аст, зеро ин намуди методҳо ба воситаи муоширати даҳонӣ ва хаттӣ ба роҳ монда мешавад. Ба воситаи методи сӯҳбат дараҷаи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хусусияҳои инкишофи он дар кӯдакони вайроншавии шунавоидошта муайян нуксони шунавоидоштада мешавад. Бо гузашти вақт ва боло рафтани дараҷаи инкишофи нутқ дар одамони ношунаво, имконияти истифодаи минбаъдаи методи сӯҳбат пайдо мешавад.

 Ҳангоми дуруст истифодабарии методҳои гуногуни психологӣ дар омӯзиши кӯдакони вайроншавии шунавоидошта маълумотҳои зарурӣ ба даст оварда мешаванд, ки қонуниятҳои инкишофи психикии онҳоро тавсиф медиҳанд. 

Последнее изменение: Четверг, 10 января 2002, 09:45