Мақсад ва вазифаҳои сурдопсихологияи томактабӣ

Сурдопсихология - яке аз соҳаҳои психологияи махсус буда, хусусиятҳои инкишофи психикии одамонеро, ки дар онҳо норасогиҳои вазифаи шунавоӣ дида мешавад машғул аст, инчунин имкониятҳо ва роҳҳои компенсатсия, яъне ҷуброн нуксони шунавоидоштадани нуқсонҳо дар ношунавоёнро меомӯзад.

Ҳаёти психикии инсон аз давра ва зинаҳои инкишоф, ки хусусиятҳои ба худ хосро дорад иборат мебошад ва дар илми психология инкишофи онтогенезии инсон омӯхта мешавад. Зери мафҳуми «онтогенез» давраҳои гуногуни инкишофи психикаи инсон аз рӯзи таваллуд то овони пиронсолӣ фаҳмида мешавад. Сурдопсихологияи томактабӣ ҳамчун соҳаи сурдопсихология ба омӯзиши хусусиятҳои инкишофи психикии кӯдакони аз рӯзи таваллуд то 7-сола, ки дар онҳо вайроншавии вазифаҳои шунавоӣ дида мешавад машғул аст. Дар давраи томактабӣ кӯдак дар инкишофи худ 4 давраи синнусолиро аз сар мегузаронад.

Давраи навзодӣ - аз рӯзи таваллуд то 2,5-3- моҳагӣ;

Давраи тифлӣ – аз 2,5-3- моҳагӣ то 1 –солагӣ;

Давраи барвақти бачагӣ – аз 1- солагӣ то 3 –солагӣ;

Давраи томактабӣ – аз 3 то 6-7 –солагӣ.

Давраи томактабиро дар илми психология давраи «бачагӣ» ё худ «кӯдакӣ» низ меноманд, ки дар ин давра инсон аз ҷиҳати психикӣ босуръат инкишоф меёбад. Дар 5-6 -соли ҳаёт кӯдак аз тифли заиф ба одами пурра ташакулёфта табдил меёбад, дар ӯ хусусият, одату хислат, шавқу ҳавас ва фикру андешаҳои ба худ хос пайдо мешавад. Дар ҳамин давра кӯдак нахустин қадамҳои худро мегузорад, сухан нуксони шунавоидоштаданро меомӯзад, бо ашёҳо амал мекунад ва аз ӯҳдаи муошират мебарояд.  ҷ

Олимони соҳаи сурдопсихология ва сурдопедагогика дар ҳар давраи инкишоф ба омӯзиши хусусиятҳои психологии кӯдакони вайроншавии шунавоидошта аҳамият дода, муайян намудаанд, ки маҳз дар давраи томактабӣ бо сабабҳои гуногун ва зери таъсири омилҳои гуногун ин гуна вайроншавиҳо дар кӯдак ба вуҷуд меояд. Вайроншавии шунавоӣ ба инкишофи психика ва ташаккули шахсияти кӯдак бетаъсир намемонад ва дар ин замина илми сурдопсихологияи томактабӣ вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:

  1. Муайян нуксони шунавоидоштадани қонуниятҳои умумӣ ва махсуси инкишофи психикии кӯдакони вайроншавии шунавоидошта дар муқоиса бо кӯдакони солим.
  2. Омӯзиши хусусиятҳои инкишофи фаъолиятҳои маърифатии кӯдакони вайроншавии шунаводошта.
  3. Омӯзиши қонуниятҳои инкишофи шахсияти кӯдакони вайроншавии шунавоидошта.
  4. Таҳияи методҳои ташхис ва гузаронидани корҳои ислоҳӣ-психологии кӯдакони дорои вайроншавиҳои шунавоӣ.
  5. Таҳлили роҳу воситаҳои беҳтарини таъсиррасонӣ ба кӯдаконе, ки узвҳои шунавоиашон осеб дидаанд, ташкили шароит барои мутобиқгардонии иҷтимоӣ-психикии онҳо ва таҳсил дар мактаб.

Сурдопсихологияи томактабӣ қисми ҷудонашавандаи сурдопсихологияи умумӣ ва психологияи бачагона ба ҳисоб меравад. Предмети психологияи бачагона ба омӯзиши инкишофи фардӣ, онтогенезии инсон машғул аст, ки дар он вазъи муайяни инкишофи таърихӣ-фарҳангии ӯ дар давраи муайяни филогенез ба вуҷуд меояд. Ба мутахассиси психологияи бачагона зарур аст,ки заминаи таърихӣ- фарҳангии инкишофи кӯдакро ба ҳисоб гирифта инкшофи минбаъдаро ба роҳ монад. Бояд қайд нуксони шунавоидоштад, ки инкишофи онтогенезии инсон ба қонунҳои муайяни инкишоф такя менамояд.

Сифатан тағйир ёфтани ҳаёти психикӣ, яъне инкишоф, натанҳо дар давраи бачагӣ, балки дар давоми онтогенез- аз рӯзи таваллуд то охири умр ба вуҷуд меояд. Дар ҳаёти калонсолон низ тағйиротҳо дар фикру ақидаҳо, ҷаҳонбинӣ, талаботҳо ва шаклҳои нави фаъолият ба вуҷуд меояд. Ҳамаи ин тағйиротҳо механизмҳои психологӣ ва қонунҳои ба худ хосро дорад, ки онҳоро предмети омӯзиши фанҳои психологияи инкишоф ва психологияи генетикӣ дар бар мегирад. Албатта, психологияи бачагона бо психологияи генетикӣ робитаи зич дорад, зеро инкишофи босуръат ва самараноки инкишофи психика маҳз дар давраи бачагӣ ба вуҷуд меояд. Психологияи генетикиро далелҳо ва қонунҳои бадастовардашудаи психологияи бачагона ташкил медиҳад. Дар навбати худ психологияи бачагона қонунҳо инкишофи психикаи инсонро истифода мебарад, ки дар илми психологияи инкишоф кашф шуда буд. Аммо психологияи бачагона танҳо синнусоли муайян, яъне давраи томактабиро (аз 0 то 7- солагӣ) меомӯзад ва ба пуррагӣ тағйиротҳои сифатии бавуҷудомадаро дар ин давра тавсиф медиҳад.

Сабабҳои осеб ёфтани узвҳои шунавоӣ. Осеб ёфтан, вайрон шудани шунавоӣ ё тамоман ношунаво таваллуд шудани кӯдак этиологияи худро дорад. Этиология илм дар бораи сабабҳои осебёбии узвҳои гуногун ва ё пайдоиши бемориҳои гуногун мебошад.

Дар навбати худ мутахассисони соҳаи сурдология, сурдопсихология ва дефектология сабабҳои осеб ёфтан ва вайрон шудани шунавоиро омӯхтаанд.

Ба осеб ёфтани узвҳои шунавоӣ бемориҳои гуногуни сироятӣ сабаб шуда метавонанд, аз ҷумла:

  • менингит (сироят ёфтани майнаи сар дар натиҷаи шамолхурӣ)
  • энсефалит (сироят ёфтани майнаи сар дар натиҷаи газидани кана)
  • гул
  • снуксони шунавоидошталатина (махмалак- дамидани доначаҳо)
  • отит (сироят ёфтани гӯши мобайнӣ)
  • зуком ва оқибатҳои он.

Дар натиҷаи бемориҳое, ки гӯши беруна, мобайнӣ, даруна ва торҳои асаби шунавоӣ осеб меёбанд, нуқсонҳои узвҳои шунавоӣ ба вуҷуд омаданашон мумкин аст:

  • агар гӯши даруна ва қисмати асосии торҳои асаби он осеб ёбад, дар ин ҳолат инсон тамоман нуксони шунавоидошта шуданаш мумкин аст;
  • агар танҳо гӯши мобайн осеб ёбад дар ин ҳолат инсон қисман қобилияти шунавоиашро гум мекунад.

Ба осеб ёфтани узвҳои шунавоии кӯдакон инчунин ҳомиладории вазнини модар низ сабаб шуда метавонад, ки ин пеш аз ҳама ба бемориҳои сироятии сурхакон, гул, зуком, герпес, гирифтор шудани зани ҳомиладор дар давраи се моҳи аввали ҳомиладорӣ мебошад.

Ба осеб ёфтани узвҳои шунавоӣ, инчунин модарзодӣ тағйир ёфтани устухонҳои гӯш, атрофияи гӯш (осеб ёфтани торҳои асаби гӯш), ё инкишоф наёфтани торҳои асаби гӯш, заҳролудшавӣ бо маводҳои кимиёвӣ (масалан, хинин), осебҳо ҳангоми таваллудшавӣ (масалан, тағйир ёфтани сохтори косахонаи сар ҳангоми истифода бурдани асбобҳои тиббӣ ҳангоми таваллуд), осебҳои механикӣ- зарбаҳо, таъсиротҳои беруна ба садопардаҳо (садои баланди ҳавопаймо, қатора, ҳуштак ва ғ.), контузия (гаранг шудан) ҳангоми таркишҳо сабаб мешавад.

Оқибатҳои шамол хӯрдани гӯши мобайнӣ низ ба нуқсонҳои узвҳои шунавоӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷаи гирифтор шудан ба бемориҳои бинӣ ва гулуву бинӣ (шамолхурии доимӣ, аденоидҳо ва ғ.) ба вуҷуд меояд. Агар кӯдак ба чунин бемориҳо дар давраи тифлӣ ва барвақти бачагӣ (то 3-солагӣ) гирифтор шавад эҳтимолияти аз даст додани қобилияти шунавоӣ бештар дида мешавад.

Миёни омилҳое, ки бештар ба осеб ёфтани узвҳои шунавоӣ оварда мерасонад бетавсияи духтур истифода бурдани дорувориҳои гуногун, хусусан антибиотикҳо (мисол,гентамитсин) ба шумор меравад.

Дар давраи мактабӣ бошад (хусусан давраи наврасӣ) баланд гӯш нуксони шунавоидоштадани мусиқиҳои гӯшхарош, истифодаи ҳамагуна дастгоҳҳои гӯшкунанда ба монанди гӯшмонак, плеер, телефон ва ғайра ҳамчун омили осеб ёфтани узвҳои шунавоӣ баромад мекунанд.

Аз гуфтаҳои дар боло қайдшуда хулоса баровардан мумкин аст, ки бештари осебҳо дар давраи барвақти бачагӣ ба вуҷуд меоянд. Таҳқиқотҳои Л.В.Нейман (1959) аз он шаҳодат медиҳанд, ки 70 % ҳодисаҳои гум шудани қобилияти шунавоӣ дар 2-3 солагӣ пайдо мешавад. Дар синну соли минбаъда бошад теъдоди осебёфтаҳо камтаранд.

Сабаби дигари пайдоиши нуқсон ин ирсият аст, яъне кӯдак дар оилаи ношунавоён таваллуд шуда бошад, эҳтимолияти нуксони шунавоидошта шудани ӯ зиёдтар аст, хусусан агар яке аз волидайн ва ё ҳарду модарзод нуксони шунавоидошта бошанд. Никоҳи хешутаборӣ ва майнӯшии падару модар ва ё яке аз онҳо низ метавонад сабабгори бо нуқсони шунавоӣ таваллуд шудани кӯдак гардад.

Инчунин бемории кессонӣ (кессонная болезнь), ки бештар дар лётчикҳо ва ғаввосҳо дида мешаванд сабаби нуксони шунавоидошта таваллуд шудани кӯдак мегардад ва ба гурӯҳи дигар кӯдаконе, ки бемориҳои хромосомавӣ доранд дохил мешаванд.

Солҳои охир аз рӯи ҳисоботҳои оморӣ дар тамоми ҷаҳон теъдоди одамони нуқсони шунавоидошта зиёд шуда истодаст. Теъдоди нафароне, ки шунавоиашон паст аст бештар ба синнусоли баъд аз 5-10- сола тааллуқ доранд. Тадқиқотҳое, ки дар аксарият кишварҳои ҷаҳон гузаронида шудааст нишон дод, ки 4-6% аҳолии сайёра вайроншавии шунавоӣ дар сатҳи муоширати иҷтимоӣ мушкилот доранд. Аз ин теъдод 2 % одамон пастшавии шунавоии дутарафа доранд ва нутқи гуфтугӯиро дар масофаи на камтар аз 3 м ва 4% дорои сустшунавоии ифоданоки яктарафа мебошанд.

Барои дуруст омӯхтани хусусиятҳои инкишофи психики кӯдакони дорои вайроншавии шунавоӣ гузаронидани ташхиси саривақтӣ, ташкили шакли таълиму тарбияи онҳо, муайян намудани намуди муассисаи таълимӣ ва гурӯҳбандӣ хеле муҳим дониста мешавад. Масъалаи ба гурӯҳҳо тақсим намудани кӯдакони дорои вайроншавии шунавоӣ аз тарафи табибон ва сурдопедагогҳо амалӣ гардонида мешавад. Дар як қатор давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гурӯҳбандии тиббии кӯдакони дорои вайроншавии нутқиро қабул намудаанд, ки он аз тарафи сурдопедагог Л.В.Нейман (1961) пешниҳод гардидааст. Тибқи нишондодӣ ӯ агар вайроншавии шунавоӣ ба доираи ҳиссачаҳое, ки ба нутқи гуфтугӯӣ (диапазон) аз 500 то 3500 Гц тааллуқдошта паҳн гардад дар ин ҳолат нутқ идрок нуксони шунавоидоштада намешавад. Дар ҳолати гум нуксони шунавоидоштадани шунавоӣ зиёда аз 80 Дб нуксони шунавоидошташавӣ ба вуҷуд меояд ва дар ҳолати қисман вайрон шудани шунавоӣ аз 15 то 80 дБ гӯшвазнинӣ ба вуҷуд меояд. Дар асоси чунин гурӯҳбандӣ се дараҷаи гӯшвазнинӣ муайян гардидааст ва шахсони дорои вайроншавии шунавоӣ вобаста аз боқимондаи захиравии шунавоӣ ба яке аз чор гурӯҳ муталлиқанд: аз 125 то 2000 Гц; аз 125 то 1000 Гц; аз 125 то 500 Гц; аз 125 то 250 Гц.

Гурӯҳбандии педагогӣ, ки дар нақшаи зерин оварда шудааст вобаста аз раҳёфти гуногун нисбат ба таълими кӯдакони вайроншавии шунавоидошта муайян нуксони шунавоидоштада шудааст. Дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гурӯҳбандии психологӣ-педагогии Р.М.Боскис қабул нуксони шунавоидоштада шудааст, ки асоси онро назарияи ҷуброн нуксони шунавоидоштадани вазифаи психикии Л.С.Виготский ташкил медиҳад. Р.М.Боскис бошад меъёрҳои наверо, ки хусусиятҳои инкишофи кӯдакони вайроншавии шунавоидоштаро ба ҳисоб мегирад, пешниҳод намудааст.

Дар сурдопедагогика ва сурдопсихология бештар аз гурӯҳбандиҳои зерин истифода мебаранд:

Мувофиқи меъёрҳои номбаршуда чунин гурӯҳҳоро ҷудо мекунанд:

Якум ношунавоён (барвақт нуксони шунавоидошташудаҳо) кӯдаконе, ки бо вайроншавии шунавоӣ таваллуд шудаанд ё шунавоии худро то инкишоф ёфтани нутқ, яъне дар зинаҳои аввали инкишофи нутқ гум нуксони шунавоидоштадаанд. Ин гуна кӯдакон дар дараҷае қарор доранд, ки имконияти табиатан дарк намудани нутқ ва мустақилона аз худ нуксони шунавоидоштадани онро надоранд. Онҳо нутқро ба воситаи биноӣ (хондан аз рӯи ҳаракати лабҳо) ва шунавоӣ-биноӣ (бо ёрии дастгоҳҳое, ки қувваи садоро ба танзим медарорад) дарк менамоянд, ки нутқи гуфтугӯи танҳо дар шароити махсуси таълимӣ омӯхта мешавад.

Дуюм кӯдакони дернуксони шунавоидошташуда «ношунавоёне, ки дар онҳо нутқ нигоҳ дошта шудааст» (Р.М.Боскис, 1971), ин гурӯҳ шунавоии худро ҳангоми пурра ташаккул ёфтани нутқ аз даст додаанд. Дараҷаҳои вайрон шудани шунавоӣ ва дараҷаи нигоҳ доштани нутқ метавонад гуногун бошад, зеро ҳангоми ба вуҷуд омадани вайроншавии шунавоӣ бе дастгирии педагогии махсус нутқ пурра гум мешавад, яъне ин кӯдакон малакаи муоширати нутқиро азхуд намудаанд ва нигоҳ доштаанд. Барои онҳо аз худ нуксони шунавоидоштадани малакаҳои биноӣ ё идроки шунавоӣ-биноии нутқи калимагӣ муҳим аст. Дар инкишофи тафаккури ин гуна кӯдакон дар муқоиса бо кӯдакони шунаво фарқияте дида намешавад, зеро онҳо захираи луғавиашонро нигоҳ доштаанд ва инъикоси ҳақиқат ба воситаи нутқ бо ин захира алоқаманд аст. Аммо дар кӯдакони барвақт ношунаво шуда инкишофи тафаккур нисбатан суст аст. (Р. М. Боскис, 1971).

Сеюм гӯшвазнинӣ - кӯдаконе, ки шунавоиашонро қисман гум нуксони шунавоидоштадаанд. Вобаста аз дараҷаи нигоҳдории шунавоӣ баъзеашон метавонанд мустақилона нутқро аз худ намоянд, аммо чунин нутқ аз норасогиҳо кофӣ нест ва ислоҳро дар раванди таълим талаб мекунад. Аҳамияти идроки нутқи биноӣ вобаста аз вазнинии вайроншавии шунавоӣ дучанд мегардад.

Бояд қайд намуд, ки дар маводи таълимии мазкур асосан хусусиятҳои инкишофи психикии кӯдаконе омӯхта мешавад, ки ба гурӯҳи якум - кӯдакони барвақтнуксони шунавоидошташуда муталлиқанд.

Дар асоси гурӯҳбандии психологӣ-педагогӣ таълими махсуси кӯдакон ба роҳ монда мешавад, ки онҳо дорои дараҷаҳои гуногуни вайроншавии шунавоӣ ва дараҷаҳои гуногуни инкишофи нутқ мебошанд. Дар мавриди ба мактабҳои махсус равона нуксони шунавоидоштадан дараҷаҳои вайроншавии шунавоӣ ва дараҷаи инкишофи нутқ ба назар гирифта мешавад. Аз ин рӯ дернуксони шунавоидошташудаҳо бештар дар мактабҳои сустшунавоён ба таҳсил фаро гирифта мешаванд ва ба кӯдакони дорои дараҷаи баланди инкишоф ва малакаҳои ташаккулёфтаи идрои нутқи калимагӣ бошад, тавсия дода мешавад, ки дар мактабҳои сустшунавоён ба таҳсил фаро гирифта шаванд. 

Последнее изменение: Четверг, 10 января 2002, 09:41