Маънои вожаҳо барои омодасозӣ ба имтиҳон

Информатика чист?

Чавоб

Информатика - фанни техники буда, қонунҳо ва усулҳои ғункунй, захиракунй, коркардабарой ва интиқоли маълумотро бо ёрии компютер меомўзад. Истилоҳи "информатсия" яке аз категорияи умуми илмӣ буда, аз калимаи лотинии «information» гирифта шудааст. Истилоҳи "информатика" дар ибтидои солҳои 60- уми асри XX дар Фаронса пайдо шуда, аз якҷоякунии ду калимаи "информатсия" ва "автоматика" ҳосил шудааст. Аз калимаи якум - инфор ва дуюм - матика гирифта шудааст.


BIOS (basic input/output system - системаи базавии дохилкунӣ-хориҷкунӣ)-ро шарҳ дихед

Чавоб

таъминоти барномавии ба компютер насбшуда мебошад, ки барои истифода намудани он компютер ба диск муроҷиат намекунад. Кодҳои барои идоракунии клавиатура, видеокарта, дискҳо, бандарҳо ва дигар таҷҳизот зарурбударо дар бар мегирад.



Маҳфуми "технология" ва "технологияҳои иттилоотӣ" ро шарҳ дихед.

Чавоб

Технология - маҷмўи тарзҳои коркард, тартибдиҳӣ, тағйирёбии ҳолат, намуди ашё ва материалҳоро, ки дар ҷараёни маҳсулоти интиҳоӣ амалӣ мешаванд. Технологияҳои иттилоотӣ- ин маҷмўи тарзҳои ғункунӣ, ирсол, нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот дар ҳамаи намудҳои имконпазири зуҳуроти он (матнӣ, графикӣ, аёнӣ, овозӣ ва ғ.) мебошад


Микропротсессор (СРU - Central Processing Unit) чист?

Чавоб

ин микросхемаи асосӣ, ки дар он амалиётҳои математикӣ ва мантиқӣ, муроҷиат ба таҷҳизотҳои берунӣ, идоракунии раванди ҳисобкунӣ иҷро мешаванд.


Вирус чист?

Чавоб

программаҳои махсус тартибдодашудаи зараррасони ҳаҷман начандон калоне мебошанд, ки ба раванди муқаррарии кори компютер дахолат намуда, ноаён (махфӣ, ногаҳон) ба таркиби диску файлҳои системавии компютер дохил мешаванд ва программаю ҳуҷҷатҳоро қисман ё пурра несту хароб месозанд.Аввалин вируси компютери соли 1986 аз тарафи барномарез покистони Алви бо номи «Brain» ихтироъ карда шуд.


Антивирусро шарҳ диҳед.

Чавоб

Антивирусхо- Барномахои махсусе мебошанд, ки барои мухофизат намудани барномаю хуччатхо аз вирусхо мебошанд.

1. Полифагхо-барномахои махсусе мебошанд, ки вазифаи онхо аз тафтиши сектори боркунандаи диски системави, санчидани хотираи фаври, папкаю файлхо, чустучуи вирусхои маълум ва нав иборат аст.

2. Ревизорхо(назоратчихо)-Назорати файлхои диск (суммаи файлхо)

3.Бловировшикхо(мухосирачихо)-программахои антивирусие мебошанд, ки вазъи хатарнокро дар диск зуд пай мебаранд, барои пешгири аз пахншавии он чорахо мечуяд ва оид ба хатари вируси ба истифодабаранда маълумот медихад.



Архиваторҳо чист?

Чавоб

барномаҳои махсуси зичкунандаи иттилоот. Ин барномаҳо имконият медиҳанд, ки аз ҳисоби татбиқи тарзҳои махсуси зичнамоии иттилоот маълумотҳои дискҳо фишурда шаванд. Холо кисми зиёди истифодабарандагон бо WinRAR, WinZIP кор мекунанд. Онхо имконияти сохтани архивхои худашон кушодашавандаро “самораспаковывающиеся” медиханд.



Маҳфуми протокол

Чавоб

Коидахое, ки барои таъмини алоқаи ду компютер, қабл аз ҳама тартибдиҳии маҷмўи қоидаҳои алоқаи байниҳамдигарии онҳо, муайян намудани забони мулоқот, яъне муайян намудани маънои ишораҳо ва сигналҳое, ки онҳо ба ҳамдигар ирсол менамоянд


Топология чист?

Чавоб

Топологияи шабакаҳо ин ҷойгиршавии физикии ҷузъҳои барномавӣ-таҷҳизотӣ ва тарзҳои интиқоли маълумотҳоро дар муҳит шарҳ медиҳад. Намудҳои гуногуни топология мавҷуд аст: топологияи намуди шина, даврашакл, топологияи намуди ситораи фаъол ва ғайраҳо.


Барои пайвастшавӣ ба шабака ба мо кадом воситаҳо лозиманд?

Чавоб

Объектҳои физикии мубодилаи шабакавӣ, яъне компютерҳо ё дигар таҷҳизотҳои шабакавӣ, пайвастшавии физикӣ - ноқилҳо, системаи оператсионӣ, мачмӯи умумии протоколҳои шабакавии истифодашаванда, клиентҳои шабакавӣ.



Намудҳои топологияҳоро шарҳ дихед

Чавоб

Топологияи намуди шина - компютерхо ба хамдигар бо намуди хаттй пасихам пайваст мешаванд. Топологияи намуди даврашакл - компютерҳо ба таври давра ҷойгир шудаанд. Топологияи намуди ситораи фаъол - Компютерхо байни хамдигар ба намуди ситора пайват мешаванд. Дар маркази ситора компютер набуда, коммутатор ё свитч (switch) чойгир аст.


Системаи оператсионӣ

Чавоб

Системаи оператсионӣ - маҷмўи программаӽои ба ӽам алоқаманд буда, ӽангоми ба кор даровардани компютер кори худро оғоз менамояд. Имконият медиӽад, ки командаӽо бо ёрии клавиатура ё муш ба компютер дохил карда шаванд, матни ӽуҷҷатӽо, расмӽо ва дигар информатсия бо номӽои муайян дар диск сабт карда шаванд, программаӽои амалӣ аз винчестер, дискетӽо ё воситаӽои дигар ба хотира ҷеѓ зада шуда, ба кор омода сохта шаванд.


Функсияӽои системаи оператсионӣ

Чавоб

таъмини ягонагӣ ва стандартии истифодабарии ќисмӽои дохилкунӣ-хориҷкунии информатсия барои программаи дилхоӽ мебошад; ба хотираи фаврии компютер ҷеѓ задан ва ба кор даровардани программаӽои амалӣ ба шумор меравад; байни компютер ва инсон робитаи диалогӣ барќарор мекунад;

Системаи оператсионии MS DOS

Чавоб

MS DOS - ввалин системаи оператсиони барои компютери фарди ба шумор меравад. MS DOS абревиатураи калимаҳои англисии Microsoft Disk Operating System буда, ба забони тоҷикй - Системаи Оператсионии Дискии Майкрософт тарҷума карда мешавад. Аввалин версияи ин система соли 1981 аз тарафи фирмаи амрикоии Майкрософт сохта шудааст, ки он барои идора кардани мањз компютерҳои IBM PC пешбинй карда шуда буд.



Системаи оператсионии Linux

Чавоб

Системаи оператсионии озодасоси чандистифодабарандаи компютерхои фардии бо IBM PC-хамчоя ва стансияхои кори буда, бо системаи шабакавии графикї-равзанавии X_Window_System мучаххаз аст. Хамаи компонентхои система, аз чумла матни кодхои онро, дар асоси литсензия озодона нусхабардорӣ, паҳн ва дар миќдори дилхоҳи компютерҳо гузоштан мумкин аст. Мањз барои њамин њам ин СО-ро системаи озодасос мегўянд. Linux (Линукс) дар ибтидои солњои 90-уми асри гузашта аз тарафи донишљўи донишгоњи Хелсинки (Финляндия) Линус Торвалд сохта шудааст.


Колонтитул чист?

Чавоб

Маълумоти унвонии хуҷҷат, ки дар боло ё поёнии саҳифа гузошта мешавад ва ҳангоми гузоштан дар ҳамаи саҳифаҳо инъикос меёбад.


Гузоштани руйхат дар MS Word

Чавоб

Барои гузоштани рӯйхат дар барномаи MS Word аз панели «Абзац» истифода мебарем. Дар панели додашуда тугмаҳои рӯйхати рақамӣ ва маркерӣ мавчуд аст. Барои илова намудани параметри рӯйхат ба хосиятҳои иловагӣ дохил мешавем.


Услуб дар MS Word

Чавоб

Дастаи амалхои ба танзимдарорӣ дар ягон барнома, ки бо воситаи онхо таҳрири матн автоматй ичро мешавад, аст. Барои истифодаи услуби мавҷудбуда аз банди "Стили" истифода бурдан мумкин аст. Барои сохтани услуби нав дар панели услубҳо тугмаи "Создать стиль"-ро пахш мекунем. Намуди лозимии таҳрири матнро сабт менамоем ва он дар рӯйхати услубҳо пайдо мегардад.


Колаб дар Ms Word

Чавоб

Услубҳо, макросҳо, тугмаҳо, комбинатсияи тугмаҳо ва дигар параметрҳои танзимкуни ва таҳриркуни мебошад, ки онҳоро худи шахс тартиб додаст. Қолабҳо бо номи иловагии .dot сабт мешавад. Ҳамаи қолабҳо дар асоси қолаби normal.dot сохта мешавад. .dotx - барои версияи MS Word аз 2007 боло.


Макрос ва кор бо он

Чавоб

Маҷмӯаи дастурамалҳоест, ки ба барнома кадом амал бояд иҷро шавад хабар медихад, то ин ки ягон мақсади муайян иҷро шавад. Барои сабт намудани макрос бояд аз панели «Вид», яъне намуди барнома истифода карда тугмаи «Макросы»- ро пахш кунем. Аз зерфармонҳо «Запись макроса»-ро интихоб намоем.Вақти нодуруст кор кардани макрос мо метавонем аз оинаи «Макросҳо» тугмаи «Отладка»-ро пахш намуда дар оинаи барномаи Visual Basic коди макросро дигар намоем.


Visual Basic for Application

Чавоб

Visual Basic for Application ин диалекти забони Visual Basic, ки имконияти Visual Basic-ро васеътар мегардонад ва дар муҳити кори Microsoft Office ва дигар барномаҳои Microsoft истифода мешавад.


Ячейка ва диапазон дар Ms Excel

Чавоб

Ячейка - гузариши сатру сутун аст, ки суроға дорад. Гуруҳи ячейкаҳоро диапазон меноманд. Диапазонро номгузорӣ кардан мумкин аст. Барои он ячейкаҳоро ҷудо намуда ба сатри суроғавӣ номи дилхоҳро аз ҳарфҳои лотинӣ ё русӣ дохил намудан лозим аст.


Сатри формулаҳо ва сатри суроғавӣ

Чавоб

Сатри формулаҳо - сатре, ки дар он маълумот ва формулаҳо ба ячейка дохил карда мешаванд. Сатри суроғавӣ - сатре, ки дар он суроғаи ячейка инъикос меёбад. Мисол, агар дар сатри якум ва сутуни якум ҷойгир бошед, дар сатри суроғавӣ "А1" пайдо мегардад, яъне номи ин ячейка "А1" аст.


Формати ячейкаҳо дар Ms Excel

Чавоб

Хосияти ячейка мебошад, ки дар он хосияти адад ва матни дохилшуда, ранг, ҳудуд ва хаҷми онро дода мешавад. Барои дохилшудан ба хосияти ячейкаҳо ё аз панели асбобҳо истифода бурдан мумкин аст, ё болои ягон ячейка тарафи чапи мушро пахш карда "Формат ячеек" ро интихоб мекунем.


Пуркунии автоматӣ (автозаполнение)

Чавоб

Функсияе мебошад, ки аз рӯи ягон қоида ё қонун ячейкаҳоро бо маълумот пур мекунад. Excel худ коидаи пуршавиро муайя менамояд. Агар ягон ифода дохил карда шавад, онро аз кунҷи рости поёнии ячейка кашида равем, ячейкаҳои боқимонда низ бо хамон ифодаҳо пур мешавад. Агар Excel ягон болоравӣ ё пастшавиро мушоҳида кунад, аз рӯи ҳамон прогрессия адад зиёд ё кам карда мешавад.


Суроғабандӣ дар MS Excel

Чавоб

Дар формулаҳо ду намуди суроғабандӣ ба суроғаи ячейкаҳо истифода бурда мешаванд: мутлақ ва нисбй. Ас­лан, дар формулаҳо ҳамаи муроҷиаткуниҳо ба номи ячейкаҳо нисбианд. Ин чунин маъно дорад, ки ҳангоми аз як ячейка ба ячейкаҳои дигар нусхабардорӣ намудани формула, суроғаҳои дар формула ба кайд гирифташудаи ячейкаҳо мувофиқи тартиби ҷойгиршавиашон нисбат ба ячейкаи аввалаи додашуда ба таври автоматӣ таъғир меёбанд.


Суроғабандии мутлақ дар MS Excel

Чавоб

Ҳангоми истифодабарии муроҷиаткунии мутлақ бошад, суроғаи ячейкаҳои дар формула истифодабурдашуда дар вақти нусхабардории формула аз як ячейка ба дигар ячейкаҳо тағйир намеёбад. Барои истифодабарии тарзи муроҷиаткунии мутлақ, бояд дар формула аввал номи ячейка ё диапазони ячейкаҳо ҷудо карда шавад ва баъд дар клавиатура тугмаи функсионалии F4 пай дар пай пахш карда шавад. Масаъан, агар ҳангоми кайди ячейкаи А1 дар формула, тугмаи F4 дар клавиатура пай дар пай пахш карда шавад, он гоҳ номи ин ячейка дар формула пай дар пай мувофиқан намудҳои зеринро мегирад: $А$1, А$1, $А1.


Суроғабандии нисбӣ дар MS Excel

Чавоб

Ҳар даъфа ҳангоми нусхабардорӣ намудани формула дар ячейкаҳо суроғабандӣ ба амал меояд. Ҳар як суроғабандӣ дар Excel ба таври хомушӣ суроғабандии нисбӣ дорад.


Гузоштани диаграмма дар MS Excel

Чавоб

Барои гузоштани диаграмма дар дар MS Excel бояд ягон маълумот дошта бошем. Маълумот бояд ягон тартиб ва низом дошта бошад. Диаграммаҳо намудҳои гуногун дорад, гистограмма, даврагӣ, графика, хаттӣ, нуқтавӣ ва ғайра. Барои гузоштани диаграмма чадвалро ҷудо намуда аз гурӯҳи панелҳои «Вставка», панели «Диаграммы» намуди диаграммаро интихоб мекунем. Баъди интихоб кардани он метавонем хосияти диаграммаи гузошташударо таъғир дихем.


Функсияҳо дар ҷадвалхои электронӣ

Чавоб

Барои дохилкунии функсия дар MS Excel мо назди сатри формулавӣ тугмаи fx пахш мекунем. Оинаи «Мастер функций » пайдо мешавад. Чунин амалро ҳамчунин бо интихоби панели «Формулы» ва интихоби намуди диаграмма иҷро карда мешавад.Дар он рӯйхат категорияи функсияҳоро интихоб менамоем. Мисол: Метаматикӣ, оморӣ, матнӣ, сана ва вақт ва ғайраҳо. Функсияхо аргументхои махсус талаб мекунад. Ҳар як аргумент аз хамдигар бо символи ; чудо карда шуда, аргументхо дар даруни кафс навишта мешаванд. Дар холати нагузоштани кафсхо функсия кор намекунад. Лекин агар танхо кафси пушидашаванда нагузошта шуда бошад, он гох худи Excel онро мегузорад


Функсияхои сана ва вакт

Чавоб

Яке аз категорияхои мухим дар функсияхо ин функсияхои сатр, сана ва вакт мебошад. Ин функсияхо низ чун функсияхои дигар аргументхои махсус талаб мекунад. Функсияҳои сана ва вақт бо маълумоти ададии санагӣ ва вақтӣ кор мекунад. Мисол, ҳисоб кардани рӯзҳои корӣ аз тамоми моҳҳои корӣ ё шуморидани миқдори рӯзҳои зиндаги аз рӯи санаи таваллуд ва ғайраҳо.



Последнее изменение: Вторник, 20 марта 2018, 15:14