Тематический план

  • Информатика Шарапов Д.С.

    Фанни «Информатика» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020, дастуру нишондодҳои ЮНЭСКО оид ба таълими фанҳои информатикаву технологияи иттилоотӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ шудаанд, барои донишҷӯёни курси якуми ҳамаи ихтисосҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мураттаб гардидаанд.

    Маълумот оиди устоди фан:

    н.и.ф.м., дотсент Шарапов Дилшод Саъдуллоевич

    E-mail: dilsharaf@mail.ru

    телефон: (992) 934714024

    Дилшод Шарапов









    Ҷадвали дарсҳо:

    Душанбе 800-1000 : Синфхонаи компютерии 4;

    Панҷшанбе 800-1000 : Синфхонаи компютерии 4;

    Миқдори кредит - 4;

    лексия - 16 соат;

    КМРУ - 16 соат:

    КМД -32 соат.

    Шакли назорат - имтиҳон. 


  • Мавзӯи №1. Иттилоот ва равандҳои иттилоотӣ

    Иттилоот: хосиятҳо, усулҳои ифодакунӣ ва ченкунии он

    Предмети фанни Информатика. Мақсади омӯзиш, вазифаҳо ва пайванду вобастагиҳои информатика бо илмҳои дигар. Иттилоот ва дониш. Миқдори иттилоот ҳамчун меъёри камшавии номуайянии дониш. Хосиятҳои иттилоот. Андозагирии иттилоот ва ченакҳои он. Рамзбандии иттилоот тавассути системаҳои аломатӣ. Рамзсозии рақамии (дуии) иттилоот. Рамзсозӣ ва рамзкушоии иттилооти генетикии инсон.

    Равандҳои иттилоотӣ

    Тасвири моддӣ, энергетикӣ ва иттилоотии олам. Иттилоот ҳамчун меъёри танзими олами ғайризинда. Иттилоот ва энтропия. Равандҳои иттилоотӣ дар олами зинда, ҷомеа ва техника: дарёфт, ғункунӣ, қабулкунӣ, нигаҳдорӣ, захирасозӣ, табдил, ирсол, сабт ва истифодаи иттилоот. Равандҳои иттилоотӣ дар идоракунӣ. Коммуникатсия. Системаҳо бо коммуникатсияи бозгаштӣ.

    Иттилоот

  • Мавзӯи №2. Системаҳои ҳисоб

    Системаҳои ҳисоб 

    Системаи ҳисоб. Системаҳои ҳисоби мавқеӣ ва ғайримавқеӣ. Тасвири иттилооти ададӣ бо ёрии системаҳои ҳисоб. Системаҳои ҳисоби даҳӣ, дуӣ, ҳаштӣ, шонздаҳӣ. Системаҳои ҳисоби мавқеӣ бо асоси дилхоҳ. Гузариш аз як системаи ҳисоби мавқеӣ ба системаи дигар. Алгоритми тарҷумаи ададҳои даҳии бутун ва касрӣ ба системаи ҳисоби дуӣ. Тарҷумаи ададҳо аз системаи асосаш p ба системаи асосаш q. Тарҷумаи ададҳо аз системаи дуӣ ба ҳаштӣ, шонздаҳӣ ва баръакс

    иттилоот

  • Мавзӯи №3. Компютер. Таснифи компютерҳо

    Компютер ва системаи он

    Компютер – мошини ҳамакор. Заминаҳои пайдоиши компютер. Мошини аналитикии Беббиҷ. Принсипи фон Нейман. Наслҳои компютер. Компютерҳои фардӣ (КФ). Системаи компютерӣ: сахтафзор, нармафзор. Барномаҳои компютерӣ. Идораи кори компютер ба воситаи барнома. Тарзи табдили иттилоот байни қисмҳои компютер.

    Таснифи компютерҳо

    Таснифи компютерҳо аз рӯи имкониятҳои функсионалӣ: таъйинот ва имконоти компютер дар коркарди иттилоот, имкониятҳои робитавии байни корбар ва компютер (интерфейс), ҳаҷми ҷисмии компютер, имкониятҳои захиравии компютер. Синфи компютерҳои бузург. Серверҳо: замимавӣ, файлӣ, факсӣ, бойгонисоз, хидмати почтавӣ вачопӣ, телеконфронсӣ. Абаркомпютерҳо. Мейнфреймҳо.  Принсипҳои коркарди иттилоот дар абаркомпютер: параллӣ, конвейерӣ. Синфи компютерҳои хурд. Миникомпютер. Микрокомпютер: рӯйимизӣ (статсионарӣ), мобилӣ (ҳамроҳ, лэптоп, портативӣ, ноутбук, нетбук, планшет, кисагӣ) ва саноатӣ (робот-компютерҳо). Компютерҳои IBM PC, ҳамсони IBM PC ва бегона. Компютерҳои шабакавӣ (Netbook). Дурнамои рушди системаҳои компютерӣ: компютерҳои оптикӣ, нейронӣ, квантӣ.

    компютер

  • Мавзӯи №4. Сахтафзорҳои компютерӣ

    Сахтафзорҳои компютер

    Таҷҳизоти КФ. Иқтидори компютер. Протсессор Хотираҳои компютер. Қисмҳои дохилкунӣ ва хориҷкунии иттилоот дар компютер: монитор, сафҳакалид, муш, сканер, камераи банаворгирии рақамӣ, микрофон, корти савту садо, монитор, принтер ва ғайра. Дастгоҳҳои сабт: барандагони магнитӣ ва нурии (лазерии) иттилоот.

    Иттилоот

  • Мавзӯи №5. АСОСҲОИ МАНТИҚИИ КОМПЮТЕР

    Асосҳои мантиқии компютер

     Амалҳои арифметикӣ дар системаҳои ҳисоби мавқеӣ. Тарзи тасвиркунии ададҳо дар компютер. Ифодакунии шакли дуии иттилоот. Асосҳои мантиқ ва пойгоҳи мантиқии компютер. Шаклҳои тафаккур: мантиқ, мафҳум, гуфтор, хулосабарорӣ. Алгебраи гуфтор. Амалҳои мантиқӣ: конъюнкция, дизъюнкция, инверсия, импликатсия, эквиваленсия. Ифодаҳои мантиқӣ ва ҷадвали ҳаққоният. Функсияҳои асосии мантиқӣ. Қонунҳои мантиқ ва қоидаҳои табдили ифодаҳои мантиқӣ. Сохти мантиқии ҷузъҳои асосии компютер (триггер, сумматор, регистр). Сумматорҳои якразряда ва чандразряда.

  • Мавзӯи №6. Технологияи корбарӣ бо системаҳои амалиётӣ

    Технологияҳои корбарӣ бо системаҳои амалиётӣ

    Маълумот дар бораи технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ. Системаи амалиётӣ (СА): нақш ва вазифаҳои он. Менюи асосии СА. Объектҳои асосии муҳити графикӣ: равзана, ҷувздон, нишона, тамға (ярлик) ва ғайра. Мизи корӣ. Сохтори равзанаи ҷувздон. Технологияҳои сохтан, нусхагирӣ, ҷойгузин  ва ҳазфи объектҳои СА. Барномаҳои стандартии таркиби СА. Технологияи корбарӣ бо таҳриргарони стандартии матнӣ, графикӣ, хидматӣ, фароғатӣ ва дигар барномаҳои ёрирасони СА.


  • Мавзӯи №7. Технологияи ҳифзи иттилоот

    Технологияҳои ҳифзи иттилоот

    Мафҳумҳои амнияти иттилоотӣ, ҳакир ва кракир. Фишурдани парвандаҳо (бойгонисозӣ). Вирусҳои компютерӣ ва барномаҳои зиддивирусӣ. Ҳифзи иттилоот. Имзои рақамӣ.


  • Мавзӯи №8. Технологияи коркарди иттилооти матнӣ

    Технологияҳои коркарди иттилооти матнӣ

    Протсессори матнӣ (ПМ) – воситаи асосии коркарди иттилооти матнӣ. Мафҳумҳо ва вазифаҳои ПМ.  Равзанаи ПМ. Объектҳои асосии санади матнӣ (аломат, абзатс). Технологияҳои эҷод, ворид, таҳрир ва форматбандӣ кардани санадҳои матнӣ. Тарзҳои ҷудокунӣ, нусхагирӣ, ҷойгузин ва ҳазфи матни санад. Реҷаҳои пешдиди матн. Тарзҳои муайянкунии параметрҳои саҳифаи чопӣ. Тарзҳои тағйирдиҳии ҳудудҳои матн ва усулҳои ороиши абзатсҳо. Сархат ва похат (колонтитул). Тарзҳои ба матн ҳамроҳ кардани шаклҳои геометрӣ, ҷадвал, формула ва ғайра. Тарзҳои ба матн ҳамроҳ намудани объектҳои ғайр. Сохтани санадҳои мухталифи матнӣ (ариза, эълон, реферат, корти шиносоӣ ва ғайра). Технологияи сабти парвандаи санад дар диск ва намои он дар экран. Тарзи чопи санадҳо дар коғаз.

  • Мавзӯи №9. Технологияи коркарди иттилооти ададӣ

    Технологияҳои коркарди иттилооти ададӣ

    Ҷадвали электронӣ (ҶЭ) – воситаи асосии коркарди иттилооти ададӣ. Мафҳумҳои асосии ҶЭ. Равзанаи ҶЭ. Тарзҳои гузаронидани амалиёт бо катакҳо, сатру сутунҳо ва диапазонҳои ҷадвал. Тарзҳои тағйирдиҳии параметрҳои варақи корӣ ва чопи он. Худкорсозии дохилкунии додаҳои катак. Функсияҳои стандартӣ. Диаграммасозӣ ба воситаи ҶЭ. Тадқиқи функсияҳо ва сохтани графики онҳо бо ёрии ҶЭ. Тасвирсозии иттилооти оморӣ, муҳосиботӣ, озмоишҳои физикӣ ва ғайра. Тадқиқи амсилаҳои иттилоотӣ тавассути ҶЭ.


  • Мавзӯи №10. Технологияи коркарди иттилооти графикӣ

    Технологияҳои  коркарди иттилооти графикӣ

    Таҳриргари графикӣ (ТГ) – воситаи асосии коркарди иттилооти графикӣ. Мафҳумҳои асосӣ ва вазифаҳои ТГ. Таҳриргарони графикии растрӣ (нуқтавӣ) ва векторӣ. Равзанаи ТГ. Технологияҳои эҷод, ворид, таҳрир ва форматбандии санадҳои графикӣ. Дарёфти тасвирҳои растрӣ ба воситаи сканер ва камераҳои банаворгирии рақамӣ (digital camera). Ороиш ва табдили тасвирҳо: миқёсгирӣ, тағйирдиҳии баландии ранг ва формати парвандаи графикӣ. Нақшакашӣ ва схемасозӣ бо истифода аз графикаи векторӣ ва системаҳои худкори тарроҳӣ (СХТ). Чопи тасвирҳо.

  • Мавзӯи №11. ТЕХНОЛОГИЯИ КОМПЮТЕРИИ РӮНАМОСОЗӢ

    Технологияҳои  рӯнамосозӣ

    Барномаҳои рӯнамосоз (БР). Мафҳумҳо ва вазифаҳои БР. Равзанаи БР. Технологияҳои эҷод ва форматбандии санадҳои слайдӣ бо ёрии БР. Эҷоди намоишҳои чандрасонаии компютерӣ (презентатсия). Тасвирсозӣ, мутаҳарриксозӣ ва пахши садо дар слайдҳо. Сохтани рӯнамоҳои ифтитоҳии омӯзишӣ.


  • Мавзӯи №12. Технологияҳои захирасозӣ, ҷустуҷӯӣ ва мураттабсозии иттилоот

    Технологияҳои захирасозӣ, ҷустуҷӯӣ ва мураттабсозии иттилоот

    Пойгоҳи додаҳо (ПД). Системаи идоракунии пойгоҳи додаҳо (СИПД) – воситаи асосии захирасозӣ, ҷустуҷӯ ва мураттабсозии иттилоот. Мафҳумҳо, объектҳо ва вазифаҳои асосии СИПД. Интерфейси СИПД. Афзорҳои ҷадвалсозӣ, коркард, идоракунӣ ва содироти додаҳо дар СИПД. Технологияи тасвиркунии сохтори ҷадвал. Амсилаи додаҳо. Намудҳои амсилаҳои додаҳо: иерархӣ, шабакавӣ, релятсионӣ. Алоқаи байни ҷадвалҳои амсилаи релятсионии додаҳо. Тасвири графикии амсилаи релятсионӣ. Табдилдиҳии амсилаҳои иерархӣ ва шабакавии додаҳо ба амсилаи релятсионӣ. Сохтани пойгоҳи додаҳо бо истифодаи СИПД. Навъ ва тарзҳои созмондиҳии дархостҳо барои ҷустуҷӯи иттилоот. Мураттабсозии навиштаҳо (records). Чопи гузоришҳо.


  • Мавзӯи №13. Шабакаҳои компютерӣ

     Шабакаҳои компютерӣ

    Заминаҳои пайдоиши шабакаҳои компютерӣ. Телекоммуникатсия. Намудҳои шабакаҳои компютерӣ: маҳаллӣ, минтақавӣ ва саросарӣ. Шабакаҳои виртуалии хусусӣ. Стансияи корӣ ва сервери парвандаӣ. Топологияи шабакаҳои маҳаллӣ. Вазифаҳои шабакаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва саросарӣ. Усулҳои васлкунии компютерҳо ба шабакаҳо. Таъминоти  техникии шабакаҳои компютерӣ. Хатҳои алоқа, тавоноии қабул ва интиқоли иттилоот ба воситаи онҳо. Интиқоли иттилоот ба воситаи хатҳои телефонӣ. Модем. Тарзҳои барқароркунии алоқаи электронӣ.


  • Мавзӯи №14. Интернет

    Интернет

    Таърихи ташкили Интернет. Фазои умумиҷаҳонии иттилоотӣ – шабакаи саросарии компютерии Интернет. Протоколҳои мубодилаи иттилоот. Технологияи WWW. Захираҳои иттилоотӣ дар шабакаи Интернет. Суроғасозии захираҳо дар Интернет. Суроғаҳои IP (Internet Protocol). Қарордоди TCP/IP (Transfer Control Protocol/Internet Protocol)-и интиқоли маълумотҳои додашуда. Нишонгари захираҳои иттилоот (URL – Universal Resource Locator). Провайдерҳои шабакаҳо. Пайвастшавӣ ба Интернет.

  • Мавзӯи №15. Воситаҳои азназаргузаронии World Wide Web

    Воситаҳои азназаргузаронии World Wide Web

    Иртиботи шабакавӣ. Браузерҳо ва таъйиноти онҳо. Шореҳи Internet. Замимаҳои ёрирасон ва дохилии шореҳи Internet. Тарзи азназаргузаронии Web-сафҳаҳо дар Internet. Идоракунии Web-сафҳаҳо. Ҷувздони суроғаҳои махсуси URL. Алоқаи байни Шореҳ ва Роҳбалад. Истифодаи журнал. Тарзи қабули худкори маълумот аз Интернет. Обунашавӣ. Реҷаи худмухтори кор бо Шореҳ.

  • Мавзӯи №16. Хадамоти интернет ва амнияти иттилоотии шабакавӣ

    Хадамоти Интернет ва амнияти иттилоотии шабакавӣ

    Сайр дар «Тӯранкабути ҷаҳонӣ» – WWW. Ҷустуҷӯи иттилоот: санадҳо, ҳуҷҷатҳо, парвандаҳо, одамон. Ҷустуҷӯгар. Почтаи электронӣ (Е-mail). Тарзҳои корбарӣ бо почтаи электронӣ: бақайдгирӣ, фиристодан ва қабули паёмҳо, истифодаи китоби суроғаҳо, танзими почта. Телеконфронс. Web-сафҳа: суроға, сабт ва чопи он. Менеҷерҳои фаррохонии парвандаҳо. Гуфтугӯ (chat), тиҷорати электронӣ, харитаҳои географӣ. Муоширати шабакавии рӯ ба рӯ. Фарҳанги муоширати шабакавӣ ва одоби муомила дар шабака. Амнияти иттилоотии шабакавӣ. Ҳифзи иттилоот дар  WWW. Сафҳаи интернетӣ – сомона.