Омӯзиши фалсафа аз он ҷиҳат муҳим аст, ки он дунёи маънавии инсонро ғанӣ гардонида, ҷаҳонбиниашро васеъ мекунад. Кумак мекунад, ки инсон маҳорати озодона эҷод карданро дар худ падид орад. Дар давраи ба вуҷудоии масоили иҷтимоӣ майл ба фалсафа афзуд. Тарзи ҳаётгузаронӣ, дарки моҳияти ҳаёт, ақоид оиди мақоми инсон усули хосаи худро падид овард. Ниҳоят, мақсади фалсафа инкишоф додани ҷаҳонбинии мутахасисони ҷавон, фаҳмидани моҳияти ҳаёт, инсон дар ҷомеъа аст. Ба онҳо омӯзонидани рукнҳои асосии ҷомеъадорӣ, тарзи донишандӯзӣ ва амаликунонии фаъолият. Омӯзиши фалсафа на танҳо ҷаҳонбинии мутахасисони ҷавонро васеъ мегардонад, балки баҳри дар риштаи худ кору таҳқиқ кардан аҳамияти хеле калон дорад.