Мафҳум ва тавсифи киберҷиноятҳо

Киберҷиноятҳо пеш аз ҳама ба системаи компютерӣ равона мешаванд. Таърифҳои гуногуни системаи компютерӣ мавҷуданд. Масалан, дар моддаи 1 (а) -и Конвенсияи Шӯрои Аврупо оид ба киберҷинояткорӣ соли 2001 “системаи компютерӣ” ҳамчун “ҳама гуна дастгоҳ ё гурӯҳи дастгоҳҳои ба ҳам алоқаманд ё омехта, ки як ё якчанди он мутобиқи барнома амал карда, коркарди маълумотро ба таври автоматӣ амалӣ менамояд”, фаҳмида шудааст. Дар баробари ин дар моддаи 1-и Конвенсияи Иттиҳоди Африқо оид ба киберамният ва ҳифзи маълумоти шахсӣ дар соли 2014 системаи компютериро ҳамчун «дастгоҳи электронӣ, магнитӣ, оптикӣ, электрохимиявӣ ё дигар дастгоҳи баландсуръати коркарди маълумот ё гурӯҳи дастгоҳҳои ба ҳам алоқаманд ва ё ҳамроҳкунандаи вазифаҳои мантиқӣ, арифметикӣ ё нигоҳдорӣ, аз ҷумла воситаҳои нигаҳдории маълумот ё воситаҳои алоқаи бевосита бо ин дастгоҳ ё ин гуна дастгоҳҳо алоқаманд, маънидод намудааст.

Нажмите на ссылку Мафҳум ва тавсифи киберҷиноятҳо.pdf, чтобы просмотреть файл.