Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ ҳангоми истифодаи технологияҳои рақамӣ.

Ҳуқуқ ба ном яке аз ҳуқуқҳои шахсии ғайриомолумулкӣ ба шумор меравад. Дар моддаи 20-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 муқаррар шудааст, ки шаҳрванд ҳуқуқу уҳдадориҳоро, агар аз қонун ё анъанаҳои миллӣ тартиби дигаре барнаояд, бо номи худ, ки фамилия ва худи ном, инчунин номи падарро дар бар мегирад, ба даст меорад ва татбиқ менамояд. Тибқи ҳолат ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун шаҳрванд метавонад аз тахаллус (номи сохта) истифода намояд.