Санадҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба Интернет

Интернет барои рушди технологияҳои рақамӣ нақши калидӣ дорад. Зеро
аксари технологияҳои рақамӣ айни ҳол дар асоси интернет кор мекунанд. Доир ба
интернет то дараҷае санадҳои ҳуқуқӣ қабул шудааст. Аз ҳамин ҷиҳат мо дар бораи
онҳо маълумот хоҳем дод.
Дар сатҳи байналмилалӣ ҳанӯз санади меъёрию ҳуқуқие, ки тариқи умумӣ
тамоми масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба интернетро танзим намояд, қабул
нашудааст. Аммо чанд санаде қабул шудааст, ки онҳо масъалаҳои гуногуни вобаста
ба интернетро ба танзим медароранд: