Маълумоти мухтасар дар бораи технологияҳои рақамӣ

Технологияҳои рақамӣ бо усули кориашон аз технологияҳои аналогӣ фарқ доранд. Тавассути технологияҳои рақамӣ маълумот аз як таҷҳизот ба таҷҳизоти дигар дар шакли коди дугона (иборат аз 1 ва 0) фиристода мешавад (масалан, вақте тавассути вайбер ба рафиқамон “салом” менависем, он аз таҷҳизоти мо ба таҷҳизоти рафиқамон шояд бо комбинатсияи ададчинии 0 ва 1 бо ҳамин тарз “0110001001” рафта расад). Таҷҳизоти қабулкунанда онро бонизом қабул карда, мураттаб менамояд. Технологияи рақамӣ аз рӯи сатҳу, сифат, суръат ва дигар унсурҳо аз технологияи аналогӣ бартариҳо дорад. Барои ҳамин ҳам дар тамоми соҳаҳо технологияҳои рақамиро истифода бурда истодаанд.