Саволҳои рейтингӣ (боби 2)
1. Сели майдони магнитӣ дар трансформатор дойимӣ аст ё тағйирёбанда?
2. Сели майдони магнитии пароканиш дар трансформатори қуввагӣ то чанд фоизро ташкил дода метавонад?
3. Барои чӣ дар трансформаторҳо лаппишҳои карати сеюм пайдо мешаванд ва кадом пайвастагиҳо онҳо камтаринанд?
4. Майдони магнитии трансформаторро чӣ тавр ҳисоб мекунанд?
5. Қонуни ҷараёни пурра чӣ мегӯяд ва онро барои ҳисоби трансформатор чӣ тавр истифода мебаранд?
6. Қонуни Омро барои занҷири магнитӣ нависед ва фаҳмонида диҳед.
7. Занҷири магнитии трансформатор сарбаста бошад ё кушода, фарқияти онҳо дар чист?
8. Усулҳои ҳисоб кардани майдони магнитии трансформаторро номбар кунед ва онро фаҳмонед.
9. Ҷараёни гашти холии трансформатор ба чӣ баробар аст ва кадом намуд ҷараён истифода меёбанд?
10. Муқовимати фаъоли печаҳои трансформатор ба чӣ баробаранд, формулаи онро нависед ва фаҳмонида диҳед.
11. Муқовимати индуктивии трансформаторро чӣ тавр муайян кардан мумкин аст?
12. Муқовимати индуктивии байниҳамдигарии печаҳои трансформаторро фаҳмонида диҳед.
13. Пароканиши электромагнитӣ гуфта чиро дар трансформатор меноманд?
14. Бузургии пароканиши электромагнитӣ чӣ тавр муайян карда мешавад.