МаданиятДастоварди башарӣ буда, фақат ба инсон хос аст. Ин ба одамон имкон медиҳад, ки дар шароитҳои мураккаб зиндагӣ намуда, сифатҳои одамиро нигоҳ доранд. |
Маданияти маънавию ҳуқуқӣФаҳмишу эътимоди одам, маълумотнокӣ, андешаронии шахс мебошад. Ин маданият дар рафтори муносибатҳои башарӣ амалӣ мегардад. Муносибатҳои корӣ бояд тарзе ташкил карда шавад, ки ҳуқуқу арзишҳои дигар шахсонро поймол накунад. |
Маданияти ташкилӣИн сохта тавонистани системаҳои ташкилӣ, таъмини функсионалии онҳо, бо ёрии технологияи идоракунӣ ва техникаи ташкилӣ мебошад. |
Маданияти ҳуҷҷатгузорӣМиқдори муайяни ҳуҷҷатҳо, ки дар асоси илми муайяншудае, ки бояд ба менеҷер бирасанд. |
Мактуби касбӣҲуҷҷати мухтасар, ки якчанд масъалаҳои кориро дар бар гирифта, он байни шахсони ҳуқуқӣ ва масъул ба амал меояд. |
Маҷлиси касбӣЯке аз воситаҳои пурмаҳсул барои ҷалб кардани ҳампешагон ба ҷараёни қабули қарор, воситаи идораи зердастон дар минтақа ва ё муассисаи корӣ мебошад. |
Мулоқоти касбӣДар масъалаҳои кори мубодилаи ақидаҳои ҳамкорон дар асоси коидаҳои муайян, ки бо иштироки якчанд нафар ба амал меояд. |
МуоширатИн муносибати байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, ки дар ҷомеа ба амал меояд. |
Муоширати касбӣИн баёни ақидаҳо, ки борои ҳалли ин ё он масъалаи корӣ равона карда мешавад. |
Муҳити хуби соҳибкорӣ ва маблағгузорФаъолияти иҷтимоии корхона эътибори корхонаро дар назди ҷамъият ва соҳибкорон мебардорад ва барои банақшагирии стратегии ташкилот шароити хуб пайдо месозад. |