АхлоқКалимаи арабӣ буда, маънояш рафтору кирдор ва сират аст. |
Вақти корӣҚисми вақти тақвимӣ, ки барои истеҳсол ё иҷрои ҳаҷми дахлдори кор сарф карда мешавад. |
Вақти кории васеъҶадвали вақти корӣ, ки дар он корманд метавонад вақти корӣ, вақти оғоз ва ба анҷом расидани корро дар ҳудудҳои аз тарафи роҳбар (менеҷер) муқараркарда, барои худ муайян месозад. |
Дастури вазифавӣҲуҷҷатест, ки вазифаҳои асосии истеҳсолиро, ки корманд уҳдадор аст иҷро кунад, муқаррар мекунад. |
ИхтисосИн намуди муайяни фаъолияти меҳнатӣ, ки аз шахс дониш ва таҷрибаи кориро талаб мекунанд. |
Касбу ҳунарМеҳнате, ки барои ҳар як шахс дар шакли фаъолияти маҳдуд, ки тайёрии дахлдорро талаб мекунад, баромад мекунад. |
Кодекси касбӣМуносибати байниҳамдигарии одамонро дар фаъолияти касбӣ инъикос мекунад. |
Кодекси маънавӣИн пешниҳоди шакли хаттии арзишҳои этикӣ ва иҷтимоии корхона мебошанд, ки бо мақсади ба ҳар як коргар расонидани қоидаҳо ташкилот риоя мекунад. |
МаданиятДастоварди башарӣ буда, фақат ба инсон хос аст. Ин ба одамон имкон медиҳад, ки дар шароитҳои мураккаб зиндагӣ намуда, сифатҳои одамиро нигоҳ доранд. |
Маданияти маънавию ҳуқуқӣФаҳмишу эътимоди одам, маълумотнокӣ, андешаронии шахс мебошад. Ин маданият дар рафтори муносибатҳои башарӣ амалӣ мегардад. Муносибатҳои корӣ бояд тарзе ташкил карда шавад, ки ҳуқуқу арзишҳои дигар шахсонро поймол накунад. |