6.3. Татбиқи маҳсулоти барномавии махсусгардонидашуда баҳри иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои идоракунии давлатӣ

Сомонаи расмии раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҶТ

Дар сомона дар бораи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: мақсадҳо ва вазифаҳо, низомнома, сохтор, маълумот барои тамос, инчунин Донишкадаи такмили ихтисос иттилоот ппайдо намудан мумкин аст.

Дар фасли «қонунҳо, фармонҳо ва низомномаҳо» пойгоҳи меъёрии ҳуқуқии хизмати давлатӣ дастрас мебошад: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, фармонҳо ва низомномаҳо. Сомона имконияти пешниҳоди on-line саволҳоро ба роҳбари раёсат фароҳам месозад. Дар рӯйхати маълумотҳои муфид иттилоот оид ба раёсати хизмати давлатии баъзе мамолики ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо ҷойгир карда шудааст. Сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас аст.