6.3. Татбиқи маҳсулоти барномавии махсусгардонидашуда баҳри иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои идоракунии давлатӣ

Сомонаи расмии Агентии омори назди Президенти ҶТ

Дар сомона оид ба фаъолияти Агентӣ, роҳбарияти он, сохтори идоракунӣ ва ҳамкории байналмилалӣ иттилооти муфид пайдо намудан мумкин аст.

Инчунин дар сомона иттилооти муфид оид ба интишорот мавҷуд аст. Инчунин баъзе натиҷаҳои таҳқиқот дар намуди электронӣ дастрас мебошанд. Масалан: Тоҷикистон дар рақамҳо, Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бехатарии озуқаворӣ ва камбизоатӣ ва ғайраҳо. Ғайр аз ин, дар сомона ҷадвалҳои таҳлилӣ, пойгоҳи маълумотҳо ва натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ дастрас мебошанд. Дар тамосҳои муфид иқтибосҳо ба сомонаҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сомонаҳои донорҳо ва шарикон (Кумитаи омори байнидавлатии ИДМ) нишон дода шудаанд. Сомона имконияти обунашавиро пешниҳод менамояд. Сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас мебошад.