4.1. Чорчӯбаҳои ҳуқуқии муколамаи байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои ҳукуматӣ
Қонуни ҶТ «Дар бораи молияи давлатии ҶТ»
Қонуни ҶТ «Дар бораи молияи давлатии ҶТ» (Қонуни мазкур дар таҳрири нав 28-уми июни соли 2011, таҳти № 723 қабул карда шудааст). (http://mmk.tj/ru/legislation/legislation-base/)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ташкилии идоракунии молияи давлатӣ, ба низом даровардани буҷет ва гурӯҳбандии он, таҳия, ташаккул, тақсимот ва истифодаи маблағҳои марказонидашудаи пулиро муайян, муносибатҳои молиявии байнибуҷетиро танзим намуда, мавқеи мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин дигар иштирокчиёни ҷараёни буҷетиро дар таҳия ва баррасии лоиҳаҳои буҷетҳо, таҳияву тасдиқи ҳисобот ва назорати иҷрои онҳоро муқаррар менамояд.
Моддаҳои қонун доир ба тартиби интишори иттилоот. Вобаста ба ҳисоботи солона оид ба иҷроиши буҷети давлатӣ дар қонуни мазкур дар боби 13 тартиби таҳия, инчунин талабот нисбат ба мундариҷа, яъне якчанд бандҳои номбар карда шудаанд, ки бояд дар ҳисобот дарҷ гарданд.
Инчунин қонун муҳлати интишори ҳисоботи солона оид ба иҷроиши буҷети давлатӣ дар васоити ахбори оммаро пас аз тасдиқи он дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, муқаррар намудааст.
Дар моддаи 62 қонуни мазкур давраи интишори ҳисоботҳо оид ба иҷроиши буҷети давлатӣ на дертар аз 2 моҳ пас аз итмоми семоҳаи (чоряк) пешбинӣ гардидааст.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ ҳисоботҳои семоҳаро оид ба иҷроиши буҷети давлатӣ ҷойгир менамояд, ки нишондиҳандаҳои буҷетиро дар намуди ҷадвалҳо дар бар мегиранд.
Норасоии қонун. Дар қонун сохтори ҳисоботи семоҳа нишон дода нашудааст, яъне қайд нагардидааст, кик адом маълумотҳоро бояд дар бар гирад. Давраи интишор дар ВАО танҳо барои ҳисоботҳои семоҳа ва солона оид ба иҷроиши буҷети давлатӣ пешбинӣ карда шудааст. Ин маънои онро дорад, ки дар қонунгузорӣ тартиби пешниҳоди иттилоот ба аҳолӣ доир ба равандҳо ва натиҷаҳои ташаккули самтҳои асосии сиёсати молиявӣ ва буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст. Новобаста аз он, ки дар моддаи 38, банди 2 қайжд карда шудааст: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида пас аз баррасии самтҳои асосии сиёсати молиявию қарзӣ ва андоз дар давраи банақшагирии буҷетӣ дар бораи маъқул донистани онҳо бо назардошти тағйиру иловаҳои зарурӣ ва инчунин метавонад дар бораи нашри онҳо қарор қабул намояд.
Дастрасии ҷамъият ба ҳисоботи андозӣ дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1-уми январи соли 2013 амал намуда истодааст, дарҷ гардидааст. Дар моддаи 88 давраи интишори ҳисоботҳо оид ба фаъолияти мақомоти андоз ва номгӯи иттилооти зарурӣ, ки бояд дар ҳисобот дарҷ гардад, муқаррар карда шудааст. Аммо интишори ҳисоботҳо танҳо дар сомонаи расмии Кумитаи андоз пешбинӣ карда шудааст. Дар сомонаи кумитаи андоз чунин ҳисоботҳо мавҷуд нестанд. Чунин ҳолат дар сомонаи Хадамоти гумрук низ ҷой дорад.
Ғайр аз ин, кайд намудан зарур аст, ки дар дастурамали Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019 дар фасли алоҳида гузаронидани «Муҳокимаи буҷетӣ» пешбинӣ гардидааст. (http://minfin.tj/downloads/ instruksiya-ru-2017.pdf). Тибқи талаботи дастурамали мазкур, ҳангоми банақшагирии лоиҳаи буҷети давлатӣ муҳокимаҳои буҷетӣ бояд доир ба масъалаҳои зерин гузаронида шаванд:
Хароҷоти заминавӣ аз рӯи соҳаҳо;
Пешниҳодҳо оиди ташаббусҳои нав (бо дарназардошти лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ);
Лоиҳаи ҳадди ниҳоии хароҷоти соҳаҳо ва ТАМБ.
Ҳадди ниҳоии хароҷоти пешакӣ, аз ҷумла номгӯи дархостҳои интихобшудаи самтҳои нав ба ТАМБ дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод карда мешаванд.
Дар муҳлати муқарраргардида ТАМБ соҳавӣ номгӯи масъалаҳои ҳалталабро ба Вазорати молия барои баррасии минбаъда дар муҳокимаи буҷетӣ пешниҳод менамоянд.
Муҳокимаи буҷетӣ аз ҷониби Комиссияи буҷетии назди Вазорати молия бо иштироки намояндагони ТАМБ-ҳои соҳави гузаронида мешавад.
ТАМБ соҳавиро дар муҳокимаи буҷети Муовинони вазир ё сардори сохтори дахлдор муарифӣ менамоянд.
Сабабҳои асосии ҷалби шаҳрвандон ҳангоми қабули қарорҳо дар он зохир мегардад, ки:
шаҳрвандон – асоси мавҷудияти ҳукумат;
шаҳрвандон хароҷотҳо ва барои хизматрасониҳо пардохт менамоянд;
мустаҳкамсозии боварӣ ба ҳукумат;
баландбардории вобарии ҷомеа ба рохбарият / идоракунӣ;
қобили қабул будани дастгоҳи давлатӣ: муҳокимаи масоили мубрам ва ғайраҳо;
ноилгардӣ ба ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои проблемавӣ ҷиҳати воридсозии тағйиру иловаҳо ба сиёсати давлатӣ ва қабули қарорҳо.
Вобаста ба ин, гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди қабули қарорҳо дар чорчӯбаи қонунгузорӣ унсури муҳими шакли демократии идоракунӣ мебошад.
Рафтори мазкур раванди қабули қарорҳоро доир ба гузаронидани ислоҳот, ворид сохтани тағйиротҳо дар қонунгузорӣ ва дигар қарорҳои муҳим, ки бевосита бо фаъолияти ҳаётии халқ алоқаманданд, самаранок мегардонад.