3.1. Усулҳои миқдорӣ ва сифатии қабули қарор
АЛГОРИТМИ ГУЗАРОНИДАНИ SWOT – ТАҲЛИЛ
Муайян намудани мақсад ва вазифаҳо.
Пеш аз он, ки SWOT – таҳлилро гузаронем, бояд мақсади лоиҳа муайян карда шавад.
Ҷанбаҳои қудратнокии бизнеси худро муайян намоед ва руйхатро тартиб деҳед.
Кадом тавсиф ва паҳлуҳои бизнес-нақша метавонанд ба ноилгардии вазифаҳои Шумо мусоидат расонанд, мақсадҳо? Дорои кадом омили самарабахш баҳри расидан ба вазифаҳои гузошташуда ҳастед? Ҳамчун соҳибкор ба худ чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед? Кадом намуди захираҳо ва дороиҳоро Шумо дар ихтиёр доред? Кадом кори Шумо нисбат ба дигарон беҳтар амалӣ мегардад?
Рӯйхати норасогӣ ва коркарднашудаи лоиҳаи худро нависед.
Кадом нишондиҳандаҳои бизнес ба Шумо баҳри расидан ба мақсадҳои гузошташудаатон монеа эҷод месозанд. Кадом малакаҳои заруриро барои муваффақ гардидан барои мақсадатон Шумо коркард намудаед? Моҳияти бизнеси шумо дар чист ва шахсан худатон дар кадом масъала камбудӣ доред? Чӣ бояд намуд, ки лоиҳаи дӯстдоштаи Шумо амалӣ гардад? Дар амалӣ намудани лоиҳаи Шумо аз чӣ бояд ҳарос кард? Чӣ ба Шумо садди роҳ мешавад,ки ба мақсад ва вазифаи гузоштаатон ноил намегардед?
Рӯйхати имкониятҳои бартаридоштае, ки ба бизнеси шумо мувофиқ мебошад, тартиб намоед.
Кадом омилҳои муҳити беруна ба Шумо барои ноил гардидан ба мақсад ва вазифаҳоятон кӯмак мерасонанд ё аллакай кӯмак расонида истодаанд? Ҳолати норасоии мувофиқ ба бизнеси Шумо чӣ гуна аст? Кадом технология, восита ва олотҳоро барои беҳтар намудани сифати лоиҳаи Шумо истифода намудан мумкин аст?
Рӯйхати таҳдид ва хатарҳои потенсиалиро тартиб намоед.
Кадом омилҳои беруна барои ноил гардидани Шумо ба мақсад халал мерасонанд? Оё дар самти ихтихобнамудаи Шумо рақибоне мавҷуданд, ки ба рушди бизнеси Шумо халал мерасонанд?
Норасогии бизнес-лоиҳаи худатонро ҳамчун омили дохилӣ ва хатару таҳдидҳои имконотиро ҳамчун омили беруна қабул намоед.
Таҳлили бадастомадаро муҳокима ва стратегияҳои мувофиқро коркард намоед.
Каме вақт барои таҳлил ҷудо намоед ва баъдан хулосабарории мувофиқи худатонро иброз кунед. То кадом андоза дар таҷриба бартарияти мавқеи худатонро истифода менамоед? То чӣ андозаи максималӣ дар таҷриба имкониятҳои беҳтаратонро истифода менамоед? То кадом андоза хатар ва таҳдидҳоро бартараф мекунед?
Таҳлил ва муайян намудани норасогӣ, бартарият, имконият ва таҳдидҳои Шумо ин ҳоло ҳалли ҳамаи кор нест, балкӣ ҳамагӣ 50%-и корро ташкил медиҳад. Барои табдил додани норасогӣ ба бартарият ва хатарҳо ба имкониятҳо кушиши зиёд намоед. Ин ҳолат ва мақсади асосӣ ва калидӣ дар усули SWOT – таҳлил маҳсуб меёбад.
Тадбирҳои заруриро барои амалисозӣ ба нақша гиред.
Намунаи SWOT – таҳлили бонки тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
SWOT – таҳлили бонки тиҷоратӣ, таҳлили муҳити дохилӣ ва берунаи онро ар назар дорад, аз ҷумла: тарафҳои манфӣ ва мусбии он (иқтидор ва норасогии он), имкониятҳо ва таҳдидҳо (яъне, муҳити берунаи бозор чӣ ахамият дорад, қонунҳои бозорӣ ва дигар омилҳо).
Айни замон аксар бонкҳои тиҷоратӣ бо муаммои барҳамхӯрӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Гап дар он аст, ки бонкҳои тиҷоратӣ ба аҳолӣ ва ширкатҳо қарз медиҳанд ва баъзеи онҳо дар муддати пешбинигардида қарзро баргардонида наметавонанд. Бонкҳои тиҷоратӣ дар навбати худ аз рӯи ӯҳдадориҳои худ кор пеш мебаранд, онҳо бояд саривақт маблағи музди маоши кормандонро пардохт кунанд, андозҳои амалкунандаро пардохт намоянд, пардохти иҷорапулиро ба ҷо оваранд, пардохтҳои коммуналӣ ва дигар намуди хизматрасониҳоро иҷро намоянд. Ба ғайр аз ин, онҳо бояд депозитҳои гузошташудаи аҳолиро саривақт баргардонанд.
Барои он, ки ҳамон лаҳза муамморо ҳал намоем, бояд таҳлили тарафҳои мусбӣ ва манфии бонкҳои тиҷоратиро амалӣ созем, таҳлили имконият ва таҳдидҳоро бо мақсади ояндабинии ҳолат, ки метавонад дар оянда ба миён ояд, гузаронем. Яъне зарур аст, ки SWOT – таҳлили бонки тиҷоратиро гузаронем.
Пеш аз ҳама, дар ҷараёни SWOT – таҳлил ҷанбаҳои манфӣ ва мусбии бонки тиҷоратӣ маълум мегардад, яъне таҳлил карда мешавад, ки айни замон чӣ ба фаъолияти он таъсири манфии худро мерасонад ва кадом омил сарчашмаи пайдоиши ин муаммо шуда метавонад.
Ҳамзамон, имконият ва таҳдидҳои муҳити берунаро таҳлил намудан лозим аст. Дар ин самт аслан санаду меъёрҳои ҳуқуқии дар сатҳи давлатӣ қабулшуда ва субъектҳои бевоситаи иҳотакунандаи бонки тиҷоратӣ – мизоҷон, рақибон ва дигар субъектҳоро ба инобат гирифтан лозим аст.
Ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии бонки тиҷоратиро дар мисоли Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – БТ) дида мебароем.
- миқдори зиёди муасисаҳоро сар то сари мамлакат доро мебошад;
- фоизи зиёди аҳолии мамлакат амонатҳои худро дар БДА «Амонатбонк» нигоҳ медоранд;
- ғайр аз ин, ин БДА «Амонатбонк» аз рӯи мақомаш хеле шӯҳратёфта дар мамлакат маҳсуб меёбад;
- дар фаъолияти кории БДА «Амонатбонк» ба таври кифоягӣ худи ҳукумати мамлакат иштирок менамояд, ки ин ҳолат боварии аҳолиро ба он нишон медиҳад.
Ҷанбаҳои мусбии SWOT – таҳлил.
Кадом ҷанбаҳои мусбиро БДА «Амонатбонк» доро мебошад?
- бешубҳа, ин менеҷменти самаранок аст;
- ҳайати саводнок, кормандони касбӣ ва пуртаҷриба;
- фаъолият аз рӯи барномаи пардохтӣ бо бештари ташкилотҳо.
Ҷанбаҳои манфии SWOT – таҳлил.
Кадом тарафҳои манфии БДА «Амонатбонк» қайд кардан мумкин аст?
Пеш аз ҳама, айни замон муаммоҳои пардохтпазирӣ мебошад. Мисол, пештар агар барои гирифтани маблағ дар банкоматҳо маҳдудиятҳо мавҷуд набуд, пас имрӯзҳо ҳангоми гирифтани маблағ аз банкоматҳо маҳдудиятҳои муайян пешбинӣ гардидааст, ки ин ҳолат нарасидани маблағи нақдиро нишон медиҳад.
Ҳолатҳои мушаххас бо пардохтпазириро метавонанд чунин нишондиҳандаҳои меъёрҳои иқтисодӣ тавсиф намоянд, ки оё ба таври кифоягӣ БДА «Амонатбонк» дорои сармоя ба ҳисоб меравад (меъёри кифоягии сармоя), имконияти дарҳол ва дар дилхоҳ ҳангом пардохт намудани маблағ ба мизоҷон (меъёри пардохтпазирии босуръат) ва дигар меъёрҳо.
Таҳдидҳои SWOT – таҳлил.
Акнун дар бораи таҳдидҳои мавҷуда ҳарф мезанем.
- таҳдиди барнагардонидани қарз вуҷуд дорад. Гап сари он аст, ки айни замон дар мамлакат ҳолати ноустувории иқтисодӣ ба назар мерасад. Мисол, паст гардидани қурби асъори миллӣ;
- бо мавҷуд будани таваккал бисёре аз шахсон аз БТ қарз мегиранд ва баръакс бисёре аз шахсон бинобар сабаби мавҷуд будани ҳолати ноустувории иқтисодиёт дар мамлакат аз гузоштани маблағҳояшон ба бонк ба сифати депозит меҳаросанд. Норасоии маблағи пуллӣ метавонад таъсири манфии худро ба фаъолияти БТ дар оянда расонад;
- таҳдиди дигаргуншавии меъёри бозтамвил аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Гап дар он аст, ки меъёри бозтамвил омили асосӣ ба ҳисоб меравад. Меъёри бозтамвил ин фоизи муайян мебошад, ки тибқи он БМТ метавонад ба бонкҳои тиҷоратӣ маблағҳои пули пешниҳод намояд, мувофиқан пасттар аз ин нишондиҳандаягон бонки тиҷоратӣ ба аҳолӣ ва ширкатҳо қарз намедиҳад;
- мавҷудияти таҳдиди ташкилотҳо дар суръати танқисӣ кашидани пардохти маблағҳои қарзӣ дар назар мебошад, бинобар сабаби нарасидани маблағи пулӣ. Ҳамзамон сабаби асосӣ ноустувории ҳолати иқтисоди дар мамлакат ба ҳисоб равад.
Акнун таҳлил менамоем, ки кадом имкониятҳоро бонки мазкур доро мебошад ва дар оянда кадом имкониятҳоро метавонад пайдо намояд.
Имкониятҳои SWOT – таҳлил.
- пеш аз ҳама, бояд дар назар дошт, ки барои додани қарзҳо ба аҳолӣ бо шарту шароитҳои муфид Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ҳавасманд мебошад, чунки ин тамоюл ба баланд шудани дараҷаи рушди иқтисодии мамлакат, имконияти дастрас намудани манзил тавассути қарз, беҳтарсозии шарту шароитҳои манзил мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, имконият мавҷуд аст, ки ба бонкҳои тиҷоратӣ қарзҳои дарозмуддат пешниҳод гардад, то ки онҳо тавонанд чунин намуди қарзҳоро дар навбати худ ба аҳолӣ бо фоизҳои пасттар пешниҳод намоянд;
- Бонк имконияти баромадан ба бозорҳои навро доро мебошад, ба хусус ба фазои иқтисодии мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки иштирокчии иттиҳодияи байнибонкӣ дар доираи СҲШ аст. Чунин ҳолат имконият медиҳад, ки гардиши бонк афзоиш ёбад, мизоҷони нав пайдо шавад ва ҳамзамон аз ин амалиёт имконияти гирифтани даромади зиёдро ба вуҷуд ояд.
Муқоисаи ҷанбаҳои мусбӣ ва манфӣ, имкониятҳо ва таҳдидҳо дар SWOT – таҳлил.
Агар ҷанбаҳои мусбӣ ва манфӣ, имкониятҳо ва таҳдидҳоро таҳлил намоем, пас метавон қайд намуд, ки новобаста аз ҳолати душвори иқтисодӣ, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд мебошад, бонк ба таври кифоягӣ ва бо шароитҳои муфид фаъолият карда истодааст. Аллакай норасогии маблағҳои пулии озодонаи нақдиро ҳис карда истодаанд, аммо роҳҳои беҳтарсозии ин муамморо оид ба пардохтпазирӣ дарёфтаанд.
Барои он, ки маблағҳои пулии нақдии иловагиро бонкҳо ҷалб намоянд, бояд қувваро ба ҷалби депозитҳо аз аҳолӣ равона намоянд. Инчунин бояд бисёр бо мулоҳиза барои додани қарз кор баранд, зеро мувофиқи ояндабинӣ сар задани таварруми баланд дар сатҳи кифоягӣ мумкин аст то 6-7%-ро ташкил намояд.
Назорати додани қарз ва талаботи ҷиддӣ нисбат ба қарзгиранда метавонад ҳолати нобовариро ҳангоми напардохтани қарзи гирифтаи қарзгиранда бартараф намояд.
Баромадан ба бозорҳои нав имконият медиҳад, ки даромади бонкҳо баланд гардад, мувофиқан ҳолати молиявии кормандони бонкро метавонад беҳтар намояд.
Ҳамин тавр, мо SWOT-таҳлили бонкро дар мисоли БДА Амонатбонк дида баромадем.
Хулосабарории SWOT-таҳлил.
Ҳамин тавр, SWOT-таҳлили бонк нишон дод, ки дар шароити ҷории ноустувории ҳолати иқтисодӣ бояд нисбатан бештар ба мизоҷони бонк диққат дод, зарурати банақшагирии воситаҳои пулии ҷузъӣ, зарурати доимо баҳисобгирии меъёрҳои иқтисодӣ (меъёрҳои ба таври кифоягӣ мавчуд будани сармоя, меъёри пардохтпазирии зудӣ ва дигарҳо) ба миён меояд, ки имконияти дарҳол дарёфтани муаммоҳои мавҷуда ва бартарафкунии онҳо мебошад.
Низоми даврии қабули қарорҳои Ҷопонӣ бо номи «кингисё» мавҷуд аст, ки моҳияти он ин дида баромадани ягон навигариҳои лоиҳа мебошад. Он барои шахсоне, ки дар рӯйхат барои муҳокима оварда шудаанд аз тарафи роҳбари ташкилот пешбинӣ мегардад. Ҳар кадом бояд қарори пешниҳодгардидаро таҷдид назар кунад ва кайдҳои худро дар намуди хаттӣ пешниҳод кунад. Баъди ин ҷаласа гузаронида мешавад. Чун қоида, он мутахасисон пешниҳод мегарданд, ки ақидаҳои онҳо ба роҳбар номаълум аст.
Коршиносон қарори худашонро дар мувофиқа бо хоҳишҳои инфиродиашон интихоб менамоянд ва агар онҳо бо якдигар мувофиқ намоянд, пас вектори хоҳишҳо пайдо мегардад, ки метавонанд тавассути яке аз ин принсипҳо бартараф гарданд:
- принсипи овоздиҳии аксарият – афзалияти интихоб ба овоздиҳии миқдори бисёри кормандон дода мешавад;
- принсипи диктаторӣ – асосан ақидаи як нафари гурӯҳ ба инобат гирифта мешавад. Ин принсип барои ташкилотҳои ҳарбӣ ва инчунин қабули қарорҳо дар ҳолатҳои фавқулодда хос мебошад;
- принсипи Курно – ин принсип дар он сурат истифода мегардад, ки агар эътилофот мавҷуд набошад, яъне миқдори қарорҳо баробар ба миқдори коршиносон пешниҳод гардад. Дар ин ҳолат зарур аст, ки чунон қарореро пайдо намуд, ки ба талабот инфиродии самарабахш бе манфиатҳои ҳар кадом нафар дар алоҳидагӣ ҷавобгӯ бошад;
- принсипи Парето – ҳангоми қабули қарорҳое истифода мегардад, ки коршиносон муттаҳиди ва мавҷудияти эътилофотро ташкил намуда бошанд. Дар ин ҳолат қабули он қароре муносиб мегардад, ки тағийр додани онҳо ба хамаи гурӯҳи аъзоён манфиатбахш бошад, чунки он барои ноил гардидан ба мақсади умумӣ муттаҳид менамояд;
- принсипи Эҷворта – ин принсип дар он ҳолат истифода мегардад, ки агар гурӯҳ аз якчандэътилофҳо иборат бошад ва ба ҳар кадоме аз онҳо иваз намудани қарор манфиатбахш мегардад. Ҳангоми донистани хоҳиши эътилофҳо метавон қарори муносиберо қабул намуд, ки ба якдигар зарар намеорад.