3.1. Усулҳои миқдорӣ ва сифатии қабули қарор

Усули сенариявӣ

Сенария имконият медиҳад, ки дар сатҳи муайян тамоюлҳои имконпазири рушди ҳолат, ҳамбастагӣ миёни омилҳои амалкунанда, ташкили ҳолати ба вуҷудомадаро муайян намояд, ки метавонад ба ҳолати таъсиррасонӣ ба ин ё он ҳолат ё рушди ҳолати номувофиқ гузарад.

Давраҳои усул инҳо мебошанд:

- роҳбар ҳамаи вазифаҳоро бо ҷузъиёташ тавсиф менамояд: мақсад, ҳолати мавҷуда ва муаммо;

- роҳбар ва зердастони он (инчунин, шояд коршиносони даъватшуда) имконияти сенарияи варианти қабули муаммо ва рушди ҳолатро коркард менамоянд;

- матни сенарияҳо ба ҳамаи кормандони корхона дастрас мегардад, ки дар сатҳҳои гуногун бояд дар коркард ва амалишавии қарор иштирок намоянд;

- ҷаласа оид ба муҳокимаи сенария гузаронида мешавад. Дар ҷараёни ҷаласа қисме аз сенарияҳо қобили қабул шуда, боқимонда тасҳеҳ карда мешаванд;

- сенарияи ниҳоии амалҳои мақсаднок таҳия карда мешавад.


Усули «Ҳуҷуми зеҳнӣ». «Ҳуҷуми зеҳнӣ» (ҳуҷуми мағзи сар) нисбатан манфиатбахш, самарабахш ва аз ҳама шавқовару қадима ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз викингҳо ҳангоми бартараф намудани муаммоҳои худ аввалин шуда, усул мазкурро истифода намуданд. Ҳангоми экспедитсияҳои баҳрӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, тамоми даста ба шӯро ҷамъ шуда, баъдан ҳар кадоме пешниҳодоти худро манзур менамуд. Дар аввал, дарёнавардони ҷавон ва баъдан дарёнавардони миёнасол ва баъдан ҳамагон ақидаҳои худро иброз менамуданд. Капитан ақидаи худро дар охир иброз менамуд ва маҳз он қарорро қабул мекард. Айни замон, чунин усул зери номи «усули шӯрои киштӣ» маъмул гардидааст.

Тағйироти муосир ба усули ҳуҷуми зеҳнӣ аз тарафи олими амрикоӣ Алекс Осборн пешниҳод гардидааст. Бар асоси ҳамлаи мағзи сар ақидаи мушаххас ҷой дорад: Раванди эҷоди ғояҳо бояд аз ҷараёни арзёбии онҳо ҷудо карда шаванд. Ҳангоми муҳокимаи ягон вазифа аксарият ҷуръати ибрози ақидаҳои ғайриинтизориро бо дарназардошти хандаомез нашудан аз тарафи дигарон, иштибоҳ кардан, муносибат манфӣ шудан бо роҳбар ва амсоли инҳо намекунанд. Ҳарчанд чунин ақидаҳо иброз гарданд, онҳоро баъзан дигар иштирокчиён танқид менамоянд. Ҳамин тавр, ақидаҳо рушд наёфта, нобуд мегарданд. Осборн ақидаи наслиро дар шароити манъ будани танқид ҷорӣ намуд. Ӯ пешниҳод намуд, ки ҳамаи ибрози ақидаҳо, ҳатто ақидаи хандаомез дастгирӣ карда шавад.

Мақсади ҳуҷуми зеҳнӣ: гирифтани ҳарчӣ бештар ақидаҳои нав мебошад.

Давраҳои асосии ҳуҷуми зеҳнӣ инҳо мебошанд:

1. Интихоби гурӯҳи наслӣ. Гурӯҳ аз 4-10 нафар иборат мебошад. Хубтар мешуд, агар ба гурӯҳ мутахассисон аз соҳаҳои гуногун ҷалб гардиданд.

2. Таҳрири муаммо. Аз тарафи роҳбар амалӣ карда мешавад: моҳияти муаммо бо омилҳо тавсиф мегардад, яъне чӣ ва ба кӣ қарори муаммо манфиат меоварад ё чӣ мешавад агар ягон чиро тағийр надиҳем. Ҳуҷуми зеҳнӣ нисбатан самарабахш ҳангоми қарори вазифа дар як ва ду роҳ мебошад. Қабули карори нисбатан ҷиддӣ тавассути ин усул танҳо бо шарти иҷроиши ҷиддӣ имкон дорад.

2. Обутобдиҳӣ. Барои он ки муҳокима гарм шавад, чун мисли варзиш, бояд обутоб ёфтан ё гарм шудани иштирокчиён зарур аст. Бо ин мақсад, ягон мавзӯи ба назар оддӣ ва берун аз масъала (ба масъалаи асоси таалуқнадошта) гузошта мешавад. Умуман, обутобдиҳӣ метавонад вуҷуд надошта бошад.

3. Ақидаҳои наслӣ. (ҳамлаи зеҳни хеш). То 2-3 соат давом меёбад.

Қоида: Дилхоҳ танқид манъ карда шудааст (ҳатто дар намуди ханда ва ҷунбонидани сар), овардани далелҳо манъ карда шудааст (барои инкишоф ақидаҳои наслӣ), бартарияти худро набояд нишон дод, акидаҳо аз рӯи меъёри ба миёномада иброз мегарданд (набояд аз рӯи тартиби нигоҳдории навбат иброз гарданд).

Ибрози ақидаҳо дар магнитофон (видеокамера) ё дар намуди стенограммаҳо сабт мегарданд.

1. Баҳодиҳӣ ва интихобӣ ақида. Ба ин тартиб метавонанд худи иштирокдорон ё махсус гурӯҳи мунаққидони муайян машғул шаванд.

Дар ин давра қоидаҳои Вилфредо Парето «20:80» истифода намудан мумкин аст, ки 20% унсурҳо падидаҳоро ташкил менамоянд, 80% ба пайдошавии он такя мекунанд ва боқимонда 80% унсурҳо танҳо 20% падидаҳое, ки ба пайдоиш такя мекунанд, инъикос менамояд. Мувофиқи қоидаи Парето ҳар як танқидгар аз маҷмӯи 20% нигоҳи ақидаҳои нисбатан арзишмандро интихоб менамояд. Дар охир 20% ақидаҳо боқӣ мемонад, ки нисбатан миқдори зиёди овозҳоро соҳиб гардидаанд. Маҳз ин ақидаҳо ҳамчун асос барои коркарди амиқ интихоб мегарданд. Интихоби ақида аз рӯи имконият бояд нисбатан объективӣ бошад. Роҳбар набояд ба мунаққидон таъсири худро расонад.