Мутавои мухтасари лексияҳо
6. Рефрактометрҳо
Қобилияти шуоъшиканиро дар асбобҳои махсусе чен мекунанд, ки рефрактометрҳо ном доранд. Асбобҳои аз ҳама бештар паҳншуда ва соддатарин, ки ба воситаи онҳо қобилияти шуоъшиканиро бо дақиқии 1·10-3 чен кардан мумкин аст, рефрактометрҳо бо призмаи Аббе мебошанд. Ин асбобҳо призмаи рӯшноидиҳандае доранд, ки ба воситаи часпак пайваст карда шудааст ва онро боло бардоштан мумкин аст. Рӯяи ношаффофи призмаи рӯшноидиҳанда дар болои призмаи ченкунанда тавре ҷойгир мешавад, ки дар байнашон тарқиши андозааш
Рефрактометрҳои ин намуд бо компенсаторҳои махсус муҷаҳҳазанд, ки ҳангоми бо рӯшноии табиӣ ё электрикӣ равшан кардани призма ба ченкунӣ имконият медиҳанд. Компенсатор тарзе ба танзим оварда шудааст, ки қобилияти шуоъшиканӣ барои D-хати натрий ҳисоб карда мешавад.
Барои баъзе тадқиқотҳо, масалан, тадқиқоти хромотографии моеъҳо, рефрактометрҳои равон сохта шудаанд, ки дар онҳо ченкунии пайвастаи қобилияти шуоъшикании моеи ҷоришавнда имконпазир аст.
Аз методи рефрактометрӣ барои муайян кардани аслият ва тозагии моддаҳо ва муайянкунии консентрасияи моддаҳо дар маҳлулҳо, ки онро аз графики вобастагии қобилияти шуоъшиканӣ аз консентратсия меёбанд, истифода мебаранд.