Мутавои мухтасари лексияҳо
4. Муайян кардани ҳарорати сахтшавӣ
Ҳарорати сахтшавиро дар асбобе муайян мекунанд, ки аз пробиркаи девораш ѓафси қутри дохилиаш 201мм иборат аст ва бо пӯки бо термометр ва омехтакунанда ҷиҳозонидашуда пӯшонда шудааст. Онро дар пӯки пробиркаи дигари деворѓафси қутри дохилиаш калонтар устувор мекунанд. Асбобро дар зарфи ҳаҷмаш 1000 мл гузошта, зарфро бо об ё маҳлули хунуккунанда тавре пур мекунанд, ки сатҳи маҳлул дар зарф аз моддаи тадқиқшавандаи дар пробиркаи дохилӣ буда баландтар бошад. Ҳароратро дар дар зарф ба воситаи термометри дуюм чен мекунанд.
Ҳангоми гузаронидани таҷриба моддаи тадқиқшавандаро, ки дар ҳолати моеъ аст(моддаи дар ҳолати сахт бударо дар ҳарорати хурдтарини имконпазир ба ҳолати моеъ мегузаронанд), ба пробиркаи хушки дохилии асбоб гузошта, термометрро тарзе устувор мекунанд, ки курачаи симобии он дар мобайни қабати моддаи тадқиқшаванда ҷойгир шавад. Ҳарорати моеъ дар зарф бояд аз ҳарорати сахтшавии чашмдошти моддаи тадқиқшаванда 50С поён бошад.
Моддаи тадқиқшаванда пайваста омехта карда истода, пас аз ҳар 30-сония ҳарорати онро қайд мекунанд. Дар аввал ҳарорат тадриҷан паст мефарояд. Бо пайдошавии фазаи сахт ҳарорат доимӣ мешавад ё пеш аз доимӣ шудан каме баланд мешавад( дар ин лаҳза омехтакуниро қатъ кардан лозим аст). Сипас ҳарорат боз паст мешавад. Ҳарорати баландтаринеро, ки пас аз оѓози сахтшавӣ дар лаҳзаи кӯтоҳ доимӣ мемонад, ба сифати ҳарорати сахтшавӣ қабул мекунанд.