Мутавои мухтасари лексияҳо
2. Муайян кардани ҳарорати гудозиш
Ҳарорати гудозишро дар капилляр ё мизчаи гармкунанда муайян мекунанд.
Пеш аз муайян кардани ҳарорати гудозиш моддаи тадқиқ-шавандаро як шабонарӯз дар эксикатор ё 2 соат дар ҳарорати 100-1050С хушк мекунанд.
Дар капилляр муайян кардани ҳарорати гудозиш хело сарфакорона аст, зеро танҳо якчанд миллиграмми модда сарф мешавад. Капилляро аз найчаи тоза ва хушки шишагии диаметраш 10-
Барои муйян кардани ҳарорати гудозиш аз асбоби дар расми 1 нишон додашуда истифода мебаранд. Асбоби шишагӣ аз қисмҳои зерин иборат аст:
1.Колбаи тагмудаввари аз шишаи ба гармӣ тобовар сохташуда, ки ѓунҷоишаш 100-150 мл буда, дарозӣ ва қутри гардани он мувофиқан ба
2.Пробиркаи аз шишаи ба гармӣ тобовар сохташудаи диаметраш 2-2,5см, ки ба дохили колба, 1см баландтар аз таги колба ҷойгир карда шудааст.
3.Термометри симобии шишигии саҳеҳиаш 0,50С.
4.Манбаи гармӣ( гармидиҳандаи электрикӣ, грелкаи газӣ в. ѓ.).
Барои устувор ҷогир намудани термометр аз пӯки резинии буришдор истифода мебаранд. Бояд дар хотир дошт, ки асбоби кислотаи сулфатдоштаро аз 2500С беш гарм намекунанд.
Ҳангоми муайян кардани ҳарорати гудозиш, дар аввал, суръати гармкунӣ 4-60С дар як дақиқа аст. 10 дақиқа пеш аз оѓози чашмдоштии гудозиш суръати гармкуниро ба шакли зайл таѓйир медиҳанд:
-барои моддаҳое, ки ҳарорати гудозишашон аз 1000С паст аст, бо суръати аз 0,50-то 1,00С дар як дақиқа;
- барои моддаҳое, ки ҳарорати гудозишашон аз 1000 то 1500С аст, бо суръати аз 1,00-то 1,50С дар як дақиқа;
- барои моддаҳое, ки ҳарорати гудозишашон аз 1500С болотар аст, бо суръати аз 1,50-то 2,00С дар як дақиқа.
Ҳангоми муайянкунии ҳарорати гудозиш фосилаи ҳароратиро аз пайдо шудани фазаи моеъ то пурра гудохта шудани модда дар капилляр ба қайд мегиранд. Барои моддаҳои тоза ин фосила аз 0,50С зиёд нест. Мавҷудияти ѓашҳо дар модда ба паст шудани ҳарорати гудозиш ва васеъ шудани фосилаи ҳароратӣ меорад. Ҳарорати гудозиши аниқ меъёри тозагии модда аст.
Барои дақиқ муайян намудани ҳарорати гудозиш таҷрибаро на камтар аз ду маротиба мегузаронанд. Ба сифати ҳарорати гудозиш миёнаи арифметикии ҳароратҳои гудозишро мегиранд, ки дар шароити якхела муайян карда шудаанд ва аз якдигар на бештар аз 10С фарқ мекунанд.
Солҳои охир барои муайян кардани ҳарорати гудозиш аз асбоби бо термометри калибронишуда, мизчаи гармкунанда ва асбоби оптикие, ки барои мушоҳида намудани гудозиш ҳангоми гармкунӣ пешбинӣ шудааст, ҷиҳозонида шуда истифода мебаранд. Ҳарорати гудозиш, ки ба воситаи ин асбоб муайяни карда мешавад, баръакси ҳарорати гудозиши дар капилляр муайяншуда, ба тасҳеҳот ниёз надорад.
Баъзе моддаҳои органикӣ зимни гудохтан таҷзия мешаванд, ки дар ҷараёни он тирашавӣ ва ҷудо намудани моддаҳои газмонанд мушоҳида мешавад. Одатан ҳарорати таҷзия қиммати муайян надоранд ва аз суръати гармкунӣ вобаста аст. Бинобар ҳамин, ҳарорати таҷзияро на ҳамавақт айнан такрор кардан мумкин аст.
Баъзе моддаҳои органикиро бо ҳарорати гузариш аз ҳолати сахт ба ҳолати моеъ тавсиф кардан мумкин нест. Ҳангоми сахт гарм кардан ин моддаҳо сӯхта сиёх мешаванд.
Моддаҳои аморфӣ низ ҳарорати гудозиши аниқ надоранд ва дар фосилаи васеи ҳароратӣ гудохта мешаванд.