Фанни мазкур оиди равандҳои муосири технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ маълумот дода, паҳлӯҳои муҳими технологияи шабакаҳои саросариро фаро гирифтааст. Дар он тарзҳои истифодбарӣ, омӯзиш ва сохтани санадҳои сайёҳӣ дида баромада шудааст.
Ин курси таълимӣ дар заминаи матни лексияҳои муаллиф эҷод шудааст ва ҳамчун васоити таълимӣ барои устодону шогирдони донишгоҳу донишкадаҳо, мактабҳои миёнаву литсейҳо ва умуман доираи васеи худомӯзоне, ки донишу малакаи худро дар азхудкунии технологияи шабакавии компютерӣ сайқал доданианд, истифода бурда метавонанд.