Тавсифи таърихии асри миёнагии мамолики ғарб чуноне ки аз таърих маълум аст, аз асрҳои 4-5 милодӣ оғоз гардида, то асри XV давом мекард, дар ин вақт дар мамлакатҳои Аврупо сохти феодали ҳукмрон буд. Дар давоми беш аз 1000 сол дини масеҳи ва калисои католики ба қувваи бузурги ғоявии ҷамияти феодалӣ табдил ёфта, дар тамоми соҳаҳои ҳаёт таъсири ҳалкунандаи худро мегузошт.